Ҳаводиси олам

Тӯфони “Амели” дар Фаронса даҳҳо ҳазор хонаводаро аз нерӯи барқ маҳрум кард

Бино ба иттилои ВВС вазиши бод ва борандагии шадид дар соҳилҳои ғарбӣ ва ҷанубии Фаронса бар асари тӯфони “Амели” барқи даҳҳо ҳазор хонаро қатъ кардааст. Масъулини ширкати барқ гуфтаанд, ки қатъи нерӯи барқ асри рӯзи  якшанбе бар 55 ҳазор хона дар ғарби кишвар асар гузоштааст.

Шуморе аз вазоратхонаҳо ба далели шиддати бод ба ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Суръати бод дар бархе аз ноҳияҳо 163 километр дар як соат болотар рафтааст.

Дар инфиҷори киштии боркаш дар Находка ду нафар кушта ва як тани дигар бенишон шудаанд

Дар танкери (киштии боркаш) “Халиҷи Амрико” дар мавзеъи Находка таркиш ба амал омад, ки бар асари он 3 нафар кушта шуданд. Дар ин бора “Интерфкс” истинодан ба маркази ҳамоҳангсозии наҷоти баҳрии Владивосток хабар дод.    

 Раёсати тафтишотии нақлиёти Шарқи Дури  Федератсияи Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Гуфта мешавад, ки субҳи 2 ноябри соли равон дар киштӣ, ки дар димоғаи Астафев шино мекард, садои таркиш баланд шуд.

Ҳалокати 74 нафар дар қатори оташгирифтаи Покистон (видео)

Бино ба охирин иттилои расида шумори мусофирони ҳалокшуда дар қатори оташгирифтаи Покситон ба 74 нафар расидааст. Ин қатор дар қаламрави вилояти Панҷоб оташ гирифтааст ва бино ба хабари Geo News дар се вагони оташгирифта 200 нафар мусофирон сафар мекарданд.

Кохи мероси ҷаҳонӣ дар Ҷопон оташ гирифт (видео)

Телевизиони Ҷопон хабар дод, ки дар префектураи  Окинава як кохи қадимӣ, ки дар рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, оташ мегирад. Ин ширкати телевизионӣ иттило дод, ки субҳи имрӯз, 31 октябр  дар шаҳри Нахо кохи машҳури таърихии Сюри оташ гирифт. Бар асари ҳолати фавқулода қисматҳои зиёди бинои таърихӣ, аз ҷумла толори марказии он ба коми оташ рафт. Дар айни замон 20 воҳиди зиддисӯхтор дар ҷойи ҳодиса саргарми хомӯш кардани забонаи оташанд.

Эълони вазъи фавқулода дар Калифорния

Фармондори Калифорния дар саросари ин иёлоти ИМА вазъи фавқулода эълон кард ва сабаби он идомаи оташсӯзиҳо ва густариши доманаи он бар асари вазиши сахти бод буд. Ширкати Pacific Gas & Electric (PG&E)-яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ ахиран эълон кард, ки 36 округи иёлот метавонанд бе қувваи барқ монанд. Даҳҳо ҳазор хона ба хатари расидани оташ гирифторанд.

Страницы