Ҳаводиси олам

Тӯфони “Дориан” дар Амрико панҷ нафарро кушт

Дар Иёлоти Флорида, Ҷорҷони, Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубии ИМА аз сабаби авҷи тӯфони “Дориан” вазъи фавқулода эълон шуд. Ҳукуматдорони ин чанд иёлот эълон карданд, ки сокинони наздик ба соҳил ҳатман бояд ба ҷойи амнтар интиқол дода шаванд. Ин тӯфон пурқудраттарин тӯфон дар Атлантик буда, сабабгори харобиҳои зиёд шудааст.

Салиби Сурхи байналмилалӣ ахиран тахмин задааст, ки дар ин се иёлоти ИМА тӯфон ҳаддиақал 12 ҳазор хонаро вайрон кардааст ва ё ин хонаҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.

Ҳушдор: Ҳаждаҳ моҳ муҳлат барои наҷоти кураи Замин

Оташсӯзии ҷангалҳо,  гармои бесобиқа ва хушксолӣ: донишмандон ҳушдор додаанд, ки шароит сахттар хоҳад шуд ва ҳатто агар тавофуқномаи иқлимии Порис ба таври комил риоят шавад, наметавон аз афзоиши гармои замин ва боло рафтани оби дарёҳо пешгирӣ кард.

Эълони вазъи фавқулода дар кишвари Приморе

Боронҳои пуршиддат ва селҳои азим муҷиби эълони вазъи фавқулода дар Приморе шуд. Дар ин бора маъмурияти кишвари Приморе ба хабарнигорон иттилоъ дод.  Манбаъ гуфтааст, ки сарвари минтақа Олег Кожемяко дар ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода ин қарорро имзо кардааст.

Идомаи оташсӯзиҳо дар Амазонка: Бразилия пешниҳоди кумаки гурӯҳи ҳафтро рад кард

Давлати Бразилия эълон кард, ки ба ҳеч ваҷҳ кумаки давлатҳои Гурӯҳи 7-ро дар муқобили бо оташсӯзиҳои бешазорони Амазонка нахоҳад пазируфт. Давлати Бразил гуфт, ки ба ин 22 миллион доллар эҳтиёҷ надорад. Бразилия мегӯяд ҳафт кишвари саноатии олам ҳоло дар талоши онанд, ки бо баҳонаи кумак ба оташсӯзӣ назорати ҷангалҳои Амазонкарда ба даст гиранд.

Духтаре, ки аз ошёнаи шашум ба зер афтид, зинда монд

Дар Мексика як духтар аз баландии 25 метр ба замин афтод ва зинда монд. Бино ба иттилои Daily Mail ин духтари 25-сола дар балкони хонаи худ воқеъ дар ошёнаи шашум як равиши басо хатарноки йогаро иҷро мекард ва дар натиҷа аз боло сарозер шуд.

Духтарро таъҷилан дар бемористон бистарӣ карданд ва духтурон муддати 11 соат барои наҷоти ҷони вай талош карданд ва муваффақ шуданд.

Вале вазъи саломатии духтар вахим аст. Бар асари ин афтиш чанд ҷойи баданаш шикаставу сараш сахт зарб хӯрдааст. 

Страницы