Ҳаводиси олам

Сарони кишварҳои гурӯҳи ҳафт барои муқобила бо оташсӯзиҳои Амазонка 22 миллион доллар ҷудо мекунанд

Роҳбарони ҳафт кишвари саноатии олам дар охирин нишасти худ дар Фаронса  бо ироаи кумакҳои тоддиву техникӣ барои муқобила бо оташсӯзиҳои ҷангалҳои гармсери Амазонка мувофиқат карданд. Эмануэл Макрон - президенти Фаронса гуфтааст, ки кишварҳои гурӯҳи ҳафт 22 миллион доллар дар ихтиёри ин амалиёт қарор хоҳанд дод.

Макрон дар шарҳи тасмими кумакҳо гуфтааст, ки ин миқдор асосан барои таъмини ҳазина парвози ҳавопаймоҳои оташнишонии “Фуро” пардохт  хоҳад шуд.  

ПАЖӮҲИШ: Афзоиши бесобиқаи оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Амазонка

Созмони таҳқиқоти фазоии Бразилия гуфтааст, ки ҷангалҳои боронии ин кишвар дар соли ҷорӣ шоҳиди  шумори бесобиқае аз оташсӯзиҳо будааст. Ин муассисаи миллӣ гуфтааст, ки додаҳои моҳворавиаш нишондиҳандаи афзоиши 82 дарсади  оташсӯзиҳо нисбат соли 2018 аст. Дуди ин оташсӯзиҳо бо вазиши бод аз фосилаи  2700 километр дар рӯзи душанбе ба Сан – Паулу (калонтарин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ)расид ва осмони шаҳрро барои соате тира кард.

Тӯфони харобиовар дар Чин ҳаёти 5 миллион нафарро ба мушкил рӯ ба рӯ кард

Шумори кушташудагони тӯфони Лекимо дар Чин ба  ба 32 нафар расида ва 16 нафар бенишон гум шудаанд.  Тӯфон ва борандагии шадид дар рӯзҳои гузашта зиндагии панҷ миллион нафарро дар вилояти Чжэсзян дучори мушкил карда ва бештар аз як миллион нафар ба макони амн мунтақил шудаанд. Рониши замин ва сел сабаб шудааст, ки бештарин талафот дар шаҳри Ванжу рух диҳад. Ин тӯфон ба 34 ҳазор хона осеб расондааст.

Хирси сиёҳ барои хуруҷ аз хонае, ки ворид шудааст, деворро сӯрох кард

Як хирси сиёҳ бо вуруд ба як хона дар Амрико бо хароб кардани девор аз он ҷо фирор кард.  Пулиси минтақи Клорадо мегӯяд, ки ин хиср рӯзи ҷумъа замоне, ки хона холӣ будааст ба дохили он рафта ва ба ҳамин далел ба ҳеч касе осеб нарасондааст.

Идораи пулиси ин шаҳ дар саҳифаи Фейсбук навиштааст: “пас аз ҳузури маъмурони пулис, хирс шуруъ ба сӯрох кардани девор кард, то битавонад аз он фиррор кунад”.

Ҳалокати се коргар дар тахриби як бинои тахрибшаванда дар Теҳрон

Дар резиши як сохтмони тахрибшаванда дар шимоли Теҳрон се коргар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон – ISNA рӯзи гузашта ҳангоми тахриби як дастгоҳи сохтмон воқеъ дар хиёбон Зафар дар шимоли Теҳрон ин сохтмон резиш кард ва коргароне, ки дар он машғули кор буданд, зери хоку санг монданд.

Страницы