Ҳаводиси олам

Тӯфони "Ҳогибис" дар Ҷопон: 110 ҳазор нерӯи имдодӣ ба минтақаҳои осебдида сафарбар шуданд

Давлати Ҷопон бештар аз 110 ҳазор нерӯи имдодиро ба манотиқи осебдида аз тӯфони “Ҳогибис” эъзом кард. Ин бузургтарин тӯфоне буд, ки дар даҳсолаҳои ахир ба Ҷопон расид, 37 нафар дар ҷон ҷон бохтанд, 20 нафар бенишон ғайб задаанд. Ин тӯфон сабаб шуд, ки се мусобиқаи ҷоми ҷаҳонии регбӣ мутаваққиф шавад. Дар айни замон мақомот эълон карданд, ки “Ҳогибис” заъиф шуд, дар хушкӣ таъсир надорад, аммо он муҷиби харобиҳои зиёде гашт.

Ҳалокати шаш фили осиёӣ дар Таиланд, ки мехостанд як филбачаро наҷот диҳанд (Видео. Навшуда)

Шаш фил, ки талош мекарданд ҳамдигарро наҷот диҳанд, бар асари сарозер шудан дар як обшори хатарнок ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар Таиланд рух додааст ва мақомот гуфтаанд, ки дар мамнуъгоҳи милии Хао-Яй аввал як бачаи фил ҳангоми шино ба партгоҳ афтод. Филҳои дигар хостанд ӯро наҷот диҳанд ва ҳамагӣ дар ҳамон партгоҳи хатарнок фурӯ рафтанд.

Сели азим дар иёлоти Ҳинд беш аз сад нафарро куштааст

Мақомоти расмӣ эълон карданд, ки беш аз 100 нафар дар асари  селе, ки пас аз боронҳои шадид дар ду иёлоти шимолии Ҳинд омад, ба ҳалокат расиданд. ВВС навишт, ки ҳоло дар фазои маҷозӣ тасвирҳои дилхароше аз вуруди селоб ба минтақаҳои шаҳрӣ дар иёлотҳои Беҳор ва Уттар Прадеш гардон аст.

Мақомоти маҳаллӣ аз ин рӯйдод гузорши зиёд надодаанд, вале гуфтаанд, ки сел гардиши нақлиёт ва ҳатто қаторро дар роҳҳои оҳан мушкил кардааст. Як мақоми расмии иёлоти Уттар Прадеш гуфтааст, ки то кунун аз кушта шудани 93 нафар хабар доранд.

Эҳтимоли аз байн рафтани бахше аз як пиряхи бузурги Аврупо афзудааст

Дар пайи ҳушдори коршиносон дар бораи эҳтимоли нобуд шудани бахше аз як пирях дар кӯҳҳои Монблани Италия роҳҳои атрофро баста ва паногоҳҳо ва кулбаҳои кӯҳистониёнро холӣ кардааст. Мақомотҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин минтақа бо хатари ҷудо шудани ҳудуди 250 ҳазор метри муккааби ях аз пиряхи Планпине рӯ ба рӯ ба хатар аст.

Пажӯҳиши паёмадҳои тағйироти иқлим. Чаро Гретаи наврас роҳбарони оламро ноком меномад?

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши СММ оид ба тағйири иқлим дар ҷараён аст.  Дар остонаи ин ҳамоиш Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ гузориш мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: паёмадҳои тағйироти иқлимӣ дар панҷ соли охир шадидтар шудааст. Дар ин гузориш омада, ки аз соли 2014 то 2019, яъне аз замони оғози сабти гармо гармтарин давраи таърихӣ будааст.  Боло омадани сатҳи оби дарёҳо дар ин давра шитоби бештаре гирифта,  интишори газҳои гулхонаӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст.

Страницы