Ҳаводиси олам

Афзоиши бесобиқаи хирсҳо дар Руминия сабаби ҳалокати одамон шудааст

Дар Руминия ҳодисаҳои ҳамлаи хирсҳо ба одамон афзудааст. Деҳқонони ин кишвар мегӯянд, ки солҳои охир хирсҳо басо зиёд ва бошиддат афзоиш кардаанд. Онҳо заминҳои киштро хароб мекунанд, ба одамон ва ҳайвонот ҳамла мекунанд. Сокинони баъзе рустоҳо метарсанд, ки аз хонаҳои худ берун раванд.   Як соли охир бар асари ҳамлаи хирсҳо дар Руминия 6 нафар кушта шудаанд ва се тани онҳо танҳо зарфи як моҳ ба ҳалокат расидаанд.

Марги асроромези ҳазорон паранда дар соҳили яке аз кӯлҳои оби шӯри Роҷистони Ҳинд

Идораи ҷангалбонии Ҳинд аз марги ҳазорон паранда дар атрофи бузургтарин кӯли ин кишвар воқеъ дар Роҷистон (бузургтарин иёлоти Ҳиндустон, ки ба унвони сарзамини подшоҳон шинохта шудааст) хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки марги асроромези парандагон мақомоти ин кишварро нигарон кардаанд ва ҳоло омӯзиши ҳолати мавҷуд ва иллатҳои ин маргумир шуруъ шудааст.

Тӯфон соҳилҳои Ҳинд ва Банглодешро ноором кард: 13 нафар ҷон доданд, ду миллион паноҳанда шуданд

Тӯфони тропикӣ дар  ноҳияҳои соҳилии Бангладеш ва Ҳинд сабабгори ҳалокати 13 нафар шуд, садҳо хонаро вайрону валагор кард. Мақомот гуфтанд, ки ду миллион нафар хонаву кошонаи худро такр карданд ва ин шаби пурхатарро дар паногоҳҳо ба рӯз оварданд. Ин тӯфон бо як боди шадиде ҳамроҳ буд, ки бо суръати 120 километр дар як соат мевазид. Боди сахт садҳо хонаро валангор кард ва даҳҳо танро захмӣ намуд.

Оташсӯзиҳои нигаронкунанда дар ду иёлоти Австралия

Сӯхторхомӯшкунандагон дар иёлотҳои Уелси Нави Ҷанубӣ ва Квинсленди Австралия  ҳамзамон бо чандин оташсӯзӣ дар бешазорони ин минтақа муқобила мекунанд. Мақомоти расмӣ эълон карданд, ки ҳоло дар 16 нуқтаи ин ду иёлот оташ забона мезанад ва оташсӯзӣ дар 50 нуқтаи дигар низ аз назорат хориҷ шудааст.

Дар мубориза барои пешгирӣ аз доманаи оташ бештар аз як ҳазор кормандони идораи сӯхторнишонӣ, 70 ҳавопаймо ширкат доранд. Аммо мақмомот мегӯянд аз он ки оташ торафт ба манотиқи бештар доман паҳн мекунад, ин ҳама талошҳо алҳол натиҷаи чашмрас надодаанд.

Дар заминларзаи Эрон 4 нафар ҳалок ва беш аз 70 нафар захмӣ шуданд

Заминларзаи шадид дар вилояти Озабойҷони Шарқӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Эрон чаҳор нафарро кушт ва бештар аз 70 тан захмӣ шуданд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки қувваи заминларза дар маркази он 5,9 балл буд ва ин ҳодиса соати 02:17 дақиқаи шаб, ки маъмулан аксарият дар хоб буданд, рух дод. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки ҳоло 8 гурӯҳи имдод дар ҷойи ҳодиса кор мекунад ва машғули наҷоти одамон ва интиқоли онҳо ба маконҳои амн мебошанд.

Хабаргузориҳо ҳамчунин аз инфиҷори хати лулаи газ дар минтақа иттилоъ доданд.

Страницы