Бар асари такони шадиди замин дар Албания садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. То ин лаҳзаҳо аз ҳалокати 2 нафар хабар дода шудааст. Қувваи ин заминларза дар маркази он каме дуртар аз пойтахти кишвар 6,4 балл гузориш шудааст. Хадамоти геологии ИМА хабар додааст, ки ин заминларза наздикии бомдоди имрӯз, соати 03:54 дақиқа рух дода буд.
Ҳудуди 700 километр аз пойтахти Албания, ҳатто дар Италия ва Сербистон низ такони шадид эҳсос шудааст. Эди Рамо – нахуствазири Албания дар Твиттери худ навишт: “Қурбониёне доштаем, аммо дар ҳар манотиқ аз ҳар имкони кумак ба маҷруҳон истифода хоҳем кард”.
Бино ба шарҳи имдодгарон яке аз кушташудагон пиразане будааст, ки бо ҷисмаш набераашро аз резиши хоку рег наҷот додааст. Ин модарбузург ба он муваффақ шудааст, ки ҳарчанд худ қурбон шуд, вале наберааш зинда монад.
Вазири мудофиаи Албания эълон кардааст, ки оташнишонон ва сарбозони артиш ба имдогарон кумак мекунанд.
Бар асари заминларза хонаҳо харобу валангор шудаанд. Аллакай садҳо тан барои муолиҷа ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд шумори дақиқи маҷруҳон ва кушташудагон дақиқан маълум нест.