Идораи ҷангалбонии Ҳинд аз марги ҳазорон паранда дар атрофи бузургтарин кӯли ин кишвар воқеъ дар Роҷистон (бузургтарин иёлоти Ҳиндустон, ки ба унвони сарзамини подшоҳон шинохта шудааст) хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки марги асроромези парандагон мақомоти ин кишварро нигарон кардаанд ва ҳоло омӯзиши ҳолати мавҷуд ва иллатҳои ин маргумир шуруъ шудааст. Дар хабар омадааст, ки дар миёни онҳо гунаҳои мухталифи парандагон, ки дар миёни онҳо парандаҳои муҳоҷире низ будаанд, ки зимистонгузаронӣ ба соҳилҳои ин кӯл меоянд, ҳастанд.
Мақомот гуфтаннд, ки мехоҳанд шумори дақиқи парандагони мурдаро пайдо кунанд, аз ин рӯ ҷасадҳо ҷамъоварӣ ва баршумарда мешаванд. Ҳоло ҷасади ин парандагон дар паҳнои васеъи соҳил дида мешавад. Ковишгарон ҳудуди то 25 парандаро дар ҳоли зинда пайдо кардаанд ва табобат мекунанд.
ВВС ба нақл аз мақомоти давлатӣ овардааст, ки аввалин хабарҳо дар мавриди марги парандагон аз якшанбеи гузашта ба василаи гардишгарон мунташир шуд. Ҷаҳонгардон, ки барои боздид аз ин дарёча ба соҳилҳои он омада буданд, аксҳое аз парандагони мурдаро интишор доданд.
Мақомоти маҳаллӣ аз эҳтимоли олудагии вирусӣ ва микробӣ будани муҳити ин кӯли оби шӯр ҳарф задаанд. Аммо ҳоло дар бораи сабабҳо ва иллатҳои ин маргумири азими парандагон сухан гуфтан барвақт аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷасади теъдоде аз ин парандагон ба озмоишгоҳ барои таҳқиқ фиристода шудаанд.