Ҳаводиси олам

Дар сели азими пойтахти Индонезия 21 нафар ба ҳалокат расиданд

Борандагии шадид дар Ҷакарто-пойтахти Индонезия муҷиби омадани сели азим шуд. То кунун аз марги 21 нафар гузориш дода шудааст. Мақомот мегӯянд ин шадидтарин борандагӣ зарфи 24 соли охир будааст. Созмонҳои ҳавошиносӣ, иқлимшиносии Индонези гуфтаанд, ки  як истгоҳи ҳавошиносӣ дар фурудгоҳи Ҷокартои шарқӣ 377 миллиметр борандагӣ дар як рӯзро сабт кардааст.

Заминларза дар Бушаҳри Эрон. Аз харобиҳо гузориш дода нашудааст

Заминларзаи 5,1 балл Бушаҳр ва атрофи онро такон дод. Бино ба гузориши ИРНА-хабаргузории давлатии Эрон ин заминларза дар 50 километрии Нерӯгоҳи ҳастаии «Бушаҳр», дар ҷанубу ғарби Эрон рух дод.

Хадамоти геологии ИМА қувваи заминларзаро дар атрофи нерӯгоҳ 5,1 балл эълон кард. Аммо маркази заминларзаи

Чаҳордаҳ кушта ва 35 захмии суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон (Видео)

Дар суқути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии  Bek Air дар Қазоқистон 14 нафар ба ҳалокат расиданд ва 35 тани дигар захмӣ шуданд. Хабаргузориҳо ахиран аз қавли табибони бемористонҳо ҳисобҳои дақиқтари мурдагон ва захмишудагонро интишор доданд.

Дар хабар омадааст, ки ин ҳавопаймо субҳи ҳамин рӯз, ҷумъа, 27-уми декабр дар аввалин дақиқаҳои парвоз аз

Сӯхтори азим дар шаҳри бандарии Чилӣ даҳҳо хонаро ба коми худ кашид (ВИДЕО)

Бино ба охирин гузоришҳо бар асари оташсӯзии густардаи ҷангалҳои шаҳри бандарии Валпараисо, ки севвумин шаҳри бузургиЧилӣ мебошад, ҳудудан 120 хона зери хатар қарор гирифтааст. Ин оташсӯзӣ боис шудааст, ки аксари мардум шаҳрро тарк кунанд. Гуфта меавад, ки сӯхтор ба маҳалли сукунати фақирони шаҳр кашида шудааст ва тамоми нерӯҳои оташнишонии шаҳр ба ин минтақа эъзом шудаанд.

ОҶИЛ: Садамаи мудҳиши автобус дар дар Индонезия 25 кушта ва 14 захмӣ ба ҷо гузошт

Пулиси Индонезия аз ҳалокати биступанҷ нафар бар асари садамаи як автобус хабар дод. Ин  манбаъ гуфтааст, ки автобуси мусофирбарӣ ба дарае, ки умқаш 50 метр буд, чаппагардон шуд ва дар он ҳаддиақал 25 нафар кушта шуданд. 14 нафари дигар бо ҷароҳатҳои сангин бистарӣ шудаанд.

Садама дар вилояти Суматраи Ҷанубӣ рух додааст. Пулис

Страницы