Шумори фавтидагон аз короновируси чинӣ дар ин кишвар аз 80 нафар гузаштааст
Чоп шуд: 27/01/2020 | admin
Аз Чин гузориш мерасад, ки теъдоди ҳалокшудагон аз вируси маргбори короно аз 80 нафар гузаштааст ва ҳудуи 3 ҳазор нафари дигар ба ин вирус сироят шудаву дар бемористонҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд то кунун шаҳодате ба сирояти сокинони кишвар ба ин вирус дар даст надорад.
Рӯзи якшанбе Чин таътилҳои солинавии кишварро се рӯзи