Дар Австралия ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор ҳавопаймои амрикоии ҳарбиву ҳамлунақлии С-130 сарнагун шуд ва се халабони он ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Daily Mail истинодан ба манобеъи худ навишт. Ин ҳавопаймо дар иёлоти Уелси Нави Ҷанубӣ сарнагун шудааст.
Хабар дода мешавад, ки шикастапораҳои ҳавопаймо дар наздикии шаҳри Кумой (сукунатгоҳи бостонии юнонӣ дар шимолу ғарби Неапол), дар қисмати ҷанубии иёлоти ёдшуда пайдо шудааст. Сабаби ин сарнагунӣ ҳоло маълум нест. Дар ибтидо иртиботи ҳавопайво бо замин гум шудааст ва баъдан дастаҳои наҷот ба ҷустуҷӯ сафарбар шудаанд.
Гуфтанист, ки сӯхтори азими бешаҳо дар Австралия аз моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуданд. Бино ба иттилои сарчашмаҳои муътамад бар асари ин сӯхтори азим бештар аз миллиард ҷонварони бешаҳо ба ҳалокат расидаанд. Майдоне, ки сӯхтор фаро гирифтааст, бештар аз 10 миллион гектарро дар бар мегирад. То кунун аз ҳалокати ҳудудан 30 нафар низ гузориш дода мешуд.
Аз ин пештар сарвазири иёлоти Уэлси Ҷанубии Нав Глэдис Бережиклиан гуфта буд: “Он чи рух медиҳад хатари шароитеро нишон медиҳад, ки сӯхторнишонони мо бо он мубориза мебаранд. То кунун барои мубориза 70 ҳавопаймо сафарбар шудааст. Худи ҳамин далели он аст фаҳмида шавад, ки барои хомӯш кардани ин сӯхтори азим мо чӣ корҳоеро анҷом медиҳем ва ҷони сӯхторнишишонон ва мардум дар хатар аст”.
Дар ин бора боз ин матолибро ҳам метавон хонд:
Теъдоди кушташудагон дар сӯхторҳои азими Австралия ба 27 нафар расид (ВИДЕО)
Сӯхтор дар Австралия наздик ба ним миллиард ҷонварро ҳалок кардааст
Шаҳри Балморал дар Австралия қариб пурра ба коми оташ рафт. ВИДЕО
Ҳаво дар Австралия то 46 дараҷа гарм шуд. Бешаҳо оташ мегиранд (Видео)