Ҳаводиси олам

Шумори куштагони сели азим дар Ҷопон ба 52 нафар расид (ВИДЕО)

Ба асари сели азим дар Ҷопон 52 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ки бештар аз 10 нафари дигар бенишон гум шудаанд ва аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Дар префектураҳои  Фукуока, Сага ва Нагасаки ҳолати хатарнок эълон шудааст. Ин вилоятҳо дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии мамлакат ҷойгиранд.  Ҳокимони кишвар аз эҳтимоли обхезӣ ва зери об мондани манзилҳои истиқоматӣ ҳушдор...

Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард

Тайи ду моҳи ахир дар Бодствано садҳо фил ба ҳалокат расиданд ва марги ин миқдор фил муҷиби даҳҳо гумону тахмин шудааст. Касе иллати аслии марги ҳайвонотро намедонад. Давлати Бодствано гуфтааст, ки танҳо баъди дарёфти натиҷаи тестҳо метавон иллати аслии ин маргумирро расман эълон кард. Ҳоло озмоишгоҳҳои ин кишвар саргарми омӯзиши тестҳоанд.  Бодствано кишваре мебошад

Бар асари раъду барқ зарфи ду рӯз 110 нафар дар Ҳинд кушта шуданд (Видео)

Дар иёлоти Биҳор ва Уттар-Прадеши Ҳинд аз зарби раъду барқ 110 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора РИА Новости истинодан ба маълумоти департаменти мубориза бо офатҳои табиии ин кишвар иттилоъ дод. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки танҳо дар иёлоти Биҳор шумори куштагони раъд ба 83 нафар расид. Рӯзи панҷшанбе аз иёлоти Уттар-Прадеш ҳам хабар доданд, ки аз раъд 24 нафар ҷони худро аз...

Нигаронии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши КОВИД-19 дар 11 кишвари Аврупо ва мамолики пасошӯравӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар 11 кишвари Аврупо ва кишварҳои пасошӯравӣ шумори гирифторон ба Covid-19 баъди лағви маҳдудиятҳои карантин якбора рӯ ба афзоиш овард. Аз ҷумла, Арманистон, Молдова, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон баъди он ки мақомот маҳдудият ё бахше аз маҳдудиятҳоро лағв карданд, шумори мубталоён зиёд шуданд.

Сарвазири Арманистон ҳам мубталои коронавирус шуд

Дар ин бора худи Нахуствазир Никол Пашинян дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.  Дар навори кутоҳи видеоӣ, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ мечархад, Пашинян мегӯяд, ки ҳарчанд нишоне аз ин беморӣ дар вуҷудаш эҳсос намешуд, вай хост тест супорад, зеро рӯзҳои оянда ният дошт аз қисмҳои ҳарбии кишвараш дидан кунад, бо сарбозону афсарон мулоқот дошта бошад.

Страницы