Изҳори ҳамдардии Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтои ҷопонии худ дар иртибот ба обхезии ахир дар Ҷопон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо интишори як хабар аз гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин-Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо бо Тосимитсу Мотэги-Вазири корҳои хориҷии Ҷопон хабар дод. Манбаъ навишт, ки дар оғози суҳбат сарвари идораи дипломатии Тоҷикистон ба ҳамтои ҷопонии худ дар иртибот ба талафоти ҷониву хисороти зиёди моддӣ бар асари обхезӣ ва ярч дар ҷануби Япония изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Бино ба гузориши манбаъ мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Ҷопон барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намудааст.

барчасп: