Ҳаводиси олам

Заминларза дар Измири Туркия. Ҳалокати 24 нафар, наҷоти 70 ва ҷароҳати беш аз 800 нафар. Корҳои наҷот идома доранд

Бино ба иттилои Агентии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия дар заминларзаи охири ноҳияи Измири Туркия 24 нафар ҷони худро аз даст доданд ва шумори зарардидагону ҷароҳатбардоштагон ба беш аз 800 нафра расидааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҷустуҷӯҳо идома доранд ва эҳтимолан рақамҳо ҳам тағйир ёбанд.

Ин заминларза дар минтақаи Измири Туркия рӯзи 30 октябр

Хатари як оташфишони баландиаш се километр дар Камчатка. Наҷотдиҳандагон мегӯянд гардишгарон ба он наздик нашаванд

Наҷотдиҳандагон дар Русия сайёҳони ин кишварро ҳушдор додаанд, ки ба оташфишони Безимяний, воқеъ дар Каммчатка наздик нашаванд, чун эҳтимоли хуруҷу авҷи он вақтҳои охир афзудааст. Дар ин бора ахиран хадамоти матбуотии ситоди минтақавии  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия истинодан ба маълумоти донишмандону пажӯҳишгарон иттилоъ дод.

Суқути ҳавопаймои ҳарбӣ дар Харкови Украина. Аз ҳалокати 25 курсант ва маҷруҳ шудани ду нафар хабар дода шуд

Дар вилояти Харкови Украина як ҳавопаймои ҳарбии Ан-26 ҳангоми вуруд ба нишастгоҳ дучори садама шуд ва 25 курсанти Донишкадаи Қувваҳои ҳавоии ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмуъ дар ин ҳавопаймо 28 нафар сафар доштанд. Аммо шумори дақиқи ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон маълум нест.

"Дар ин ҳавопаймо курсантон ва халабонҳои ҳарбии

Созмони Милали Муттаҳид хостори 10,3 миллиард ёрии башарӣ барои мубораза бо КОВИД - 19

Созмони Милали Муттаҳид хостори ҷамъоварии 10,3 миллиард доллар барои мубориза бо коронавирусн КОВИД-19 дар саросари олам шуд. Ин бузургтарин даъвати ёрии башарӣ аз кишваҳои сарватманд дар ҷаҳон аст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки эҳтимол дорад то охири соли равон бар асари пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон 265 миллион нафар дучори гуруснагӣ шаванд.
СММ мегӯяд ин пулҳои дархостшуда ба мамолике дода...

Ситораи Боливуд Амитбах Баччан, писар ва келини вай ба коронавирус мубтало шуданд

Яке аз машҳуртарин ҳунармандони синамои Ҳинд Амитбах Баччан хабари сироят шуданаш ба коронавирус КОВИД-19-ро тасдиқ кард. Ахиран дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “тести ман дар мавриди коронавирус мусбат буд. Аз ҳамаи касоне, ки тӯли 10 рӯзи охир бо ман иртибот доштанд, хоҳиш мекунам худро ташхис кунанд”.
Ин ҳунарманди 77-сола 15 мартиба барандаи ҷоизаи Filmfare

Страницы