Туркия омори ҳалокшудагон ва маҷруҳони заминларзаи Измирро эълон кард. Бине ба гузориши Reuters дар ин заминларза, ки рӯзи 30-уми октябри соли равон рух дода буд, 116 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз пештар Анқара аз ҳалокати 114 нафар хабар дода буд, вале баъдан боз ду навраси дигар аз ҷазираи Самос ба ин омор ҳамроҳ карда шуданд. Ин хабаргузорӣ истинодан ба мақомоти расмии Туркия шумори маҷруҳонро 1035 нафар навишт.
Гуфтанист, ки рӯзи 2 ноябри соли равон дар Измир аз зери вайронаҳо писарбачаи сесоларо зинда наҷот доданд ва рӯзе пас як духтарчаи чорсола ҳам зинда пайдо карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки заминларзаи шадид, ки дар маркази он баҳри Эгей 6,6 балл буд, рӯзи 30-уми октябри соли равон рух дод. Дар хабар гуфта мешуд, ки офати табиӣ ҷазираҳои наздик ба Юнонро низ фаро гирифт.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН:
- Заминларза дар Измири Туркия. Ҳалокати 24 нафар, наҷоти 70 ва ҷароҳати беш аз 800 нафар. Корҳои наҷот идома доранд
- Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
- ХАБАРИ ҶОЛИБ: Баъди 91 соати заминларзаи харобкор дар Измири Туркия як духтари чорсоларо зинда берун оварданд