Бино ба иттилои Агентии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия дар заминларзаи охири ноҳияи Измири Туркия 24 нафар ҷони худро аз даст доданд ва шумори зарардидагону ҷароҳатбардоштагон ба беш аз 800 нафра расидааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҷустуҷӯҳо идома доранд ва эҳтимолан рақамҳо ҳам тағйир ёбанд.
Ин заминларза дар минтақаи Измири Туркия рӯзи 30 октябр соати 11:51 дарқиқа рух дода буд ва ноҳияҳои Борнов ва Байраклии шаҳри Измир маркази он буд. Қувваи заминларза дар марказ 7 баллро ташкил медод.
Наҷотдиҳандагони Туркия муддати ин беш аз 10 соати охир аз зери вайронаҳо ҳалокшудагону маҷруҳонро берун меоранд. Гуфта мешавад, ки то кунун на камтар аз 70 нафар аз зери хоку санги биноҳо зинда наҷот дода шудаанд.