Ҳаводиси олам

Бозёфтҳои таърихӣ аз як кӯҳи яхӣ, ки аз тағйири иқлим яхи он об шуд

Бар асари тағйири иқлим дар парки милии Ютунхеймени Норвегия кӯҳи яхӣ батадриҷ об шуд ва пеши назари ковишгарон ҳаддиақал 68 пайкони қадимӣ намудор гашт. Қадимитарин бозёфтҳо ба солҳои 4100 то солшумории мо  ва навтаринашон 1300 сол то милоди Масеҳ мансубанд, - гуфта шудааст дар хулосаи пажӯҳиши донишмандон аз Кембриҷ, Осло ва Берген, ки онро маҷаллаи The Holocene интишор додааст.

КОВИД-19 ва сӯхтор. Дар оташсӯзии бемористоне дар Руминия 10 мубтало ба коронавирус ба ҳалокат расиданд

Дар сӯхтори бемористоне дар шаҳри Пятра-Нямси Руминия, ки гирифторони коронавирус бистарианд, 10 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора  Associated Press истинодан ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар дод.  Дар хабар гуфта мешавд, ки даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 7 тани онҳо ҳоли вазнин доранд. Аз зарар дидани як духтур ва ду ҳамшираи тиббӣ низ хабар дода шудааст.

Дар обхезиҳои ахири Гондурас 360 ҳазор нафар зарар диданд. Мақомот аз ҳалокати 11 ва бенишон шудани 6 нафар хабар доданд

Бар асари боронҳои селосо ва обхезиҳо, ки аз тӯфони "Эта" ба вуқӯъ пайвастанд, тақрибан 360 ҳазор нафар дар Гондурас зарар диданд. Зиёда аз 40 нуқтаи аҳолинишин бидуни иртибот бо ҷаҳони беруна монданд.

Зарари аз ҳама зиёд аз офати табиӣ дар минтақаҳои қисми шимолии кишвар, инчунин дар минтақаҳои шафати уқёнуси Атлантик ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар бораи...

Дар Нижний Тагил як хирси гурусна гӯрковӣ мекунад ва мурдаҳоро мехӯрад

Дар ноҳияи Дзержинскийи Нижний Тагил як хирси гурусна бори дуюм аст, вориди қабристон мешавад ва бо гӯршикофӣ ҷасади мурдаҳоро мехӯрад. Агар пештар ин хирс танҳо гӯрҳои навро мекофт ва мурдаҳои навро мехӯрд, бори охир вай як гӯри куҳнатарро жарфтар кофтА ва ба боқимондаи ҷасади соҳиби он даҳон задааст. Шоҳидон бо дидани ин манзара ба пулиси минтақа хабар додаанд.

Туркия охирин омори фавтидагони заминларзаи Измирро эълон кард: ҳалокшудагон 116 ва маҷруҳон 1035 нафар

Туркия омори ҳалокшудагон ва маҷруҳони заминларзаи Измирро эълон кард. Бине ба гузориши  Reuters дар ин заминларза, ки рӯзи 30-уми октябри соли равон рух дода буд, 116 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз пештар Анқара аз ҳалокати 114 нафар хабар дода буд, вале баъдан боз ду навраси дигар аз ҷазираи Самос ба ин омор ҳамроҳ карда шуданд. Ин хабаргузорӣ истинодан ба мақомоти расмии Туркия шумори маҷруҳонро 1035 нафар навишт.

Страницы