Бар асари тағйири иқлим дар парки милии Ютунхеймени Норвегия кӯҳи яхӣ батадриҷ об шуд ва пеши назари ковишгарон ҳаддиақал 68 пайкони қадимӣ намудор гашт. Қадимитарин бозёфтҳо ба солҳои 4100 то солшумории мо ва навтаринашон 1300 сол то милоди Масеҳ мансубанд, - гуфта шудааст дар хулосаи пажӯҳиши донишмандон аз Кембриҷ, Осло ва Берген, ки онро маҷаллаи The Holocene интишор додааст.
Ҳамаи ин ашё дар як нишебии кӯҳ, дар масоҳати ҳамагӣ 18 гектар замин пайдо шудааст. Дар тайёр кардани пайконҳо, тирҳо устухон, варақсанг, оҳан, квартс, қатрон истифода шудаанд.
Баъди об шудани яхҳо ковишгарон қариб 300 намунаи шоху устухонҳои оҳу пайдо кардаанд. Бостоншиносон мегӯянд ин ноҳия дар муддати ҳазорсолаҳо ба сифати шикоргоҳи асосӣ маъруфият доштааст.
Дар миёни ёфтаҳо пойафзоле ҳам пайдо шудааст, ки бо гузашти ҳудудан 3 ҳазор сол ҳам дар ҳолати хуб боқӣ мондааст.
Инчунин бостоншиносон ҳар гуна матоъҳо низ пайдо кардаанд, ки эҳтимол меравад сокинони ин минтақа дар он гӯшти изофиро мепечониданд.