Модели рус Лилия Судакова аз сари хашм шавҳарашро ба қатл расонд

Модел аз Русия Лилия Судакова, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳри Санк-Пеӣербург барои истироҳат рафта буд, дар ҷараёни як муноқаша шавҳарашро бо корд куштааст. Дар ин бора  Telegram-канал Mash на Мойке хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки зану шавҳар рӯзҳои истироҳат барои тафреҳ дар ин шаҳр хонаеро иҷора гирифтаанд. Шавҳари модел, ки аз ӯ Сергей ном бурда мешавад, ба хона духтареро овардаву  дар шоҳидии ҳамсараш бо вай аз ҳар бобат ҳамсуҳбат шудааст.

Лилия аз ин рафтори шавҳараш ба хашм омад ва бо шавҳараш муноқаша кард. Баъдан ба хотири худро ором кардан ба ошхона гузашт. Сергей низ ба дунболаш ба ошхона даромад ва онҳо, ки ҳамоно хашин буданд, ба ҷони ҳам даруфтоданд. Дар ин ҷанҷол Сергей дастболо буд ва ҳамсарашро зери мушту лагад гирифт. Дар ин асно дасти Лилия ба корди ошхона расид ва бо он ба қалби шавҳараш зад. 

Лилия фавран мошини ёрии таъҷилиро даъват кард, вале аллакай Сергей аз зарби корд ҷон дода буд.

Модел ба кирдораш иқрор шуд ва мақомот аз рӯи модаи ҷиноятии расонидани зарбаи сахти ҷисмонӣ, ки сабабгори марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Лилия Судаковаро 15 сол маҳбас интизор аст. 

Ин модел бо расмҳояш дар Vogue  ва дигар маҷаллаҳо машҳур аст.

барчасп: