Дар ноҳияи Дзержинскийи Нижний Тагил як хирси гурусна бори дуюм аст, вориди қабристон мешавад ва бо гӯршикофӣ ҷасади мурдаҳоро мехӯрад. Агар пештар ин хирс танҳо гӯрҳои навро мекофт ва мурдаҳои навро мехӯрд, бори охир вай як гӯри куҳнатарро жарфтар кофтА ва ба боқимондаи ҷасади соҳиби он даҳон задааст. Шоҳидон бо дидани ин манзара ба пулиси минтақа хабар додаанд.
Сарвари дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии ВКД Русия дар вилояти Свердлов Валерий Горелих гуфтааст, ки ин ҷо сухан на аз берун кашидани тобут меравад, балки шикастани тобут ва қисман хӯрдани ҷасад аст. Тибқи иттилои пешакӣ шояд ин хирс аз сабаби пайдо накардани ғизо аз беша ба шаҳр ворид шудааст. Ахиран ин ҳайвон қабреро шикофтааст, ки моҳе қабр дар ин қабристон пайдо шудааст. Соҳиби ин қабр як пирамарди соли таваллудаш 1941 будааст. Бино ба шаҳодати суратҳо аз ҷойи ҳодиса хирс қабрро шикофта, тобутро шикастааст ва ҷасадро қисман хӯрдааст. Вале вай натавонистааст тобутро пурра аз гӯр берун орад.
Дар айни замон пулиси минтақа ба департаменти ҳифзи олами ҳайвонот муроҷиат кардааст, ки барои аз байн бурдани хавфи эҳтимолии ҳамлаи хирс ба одамон чора андешад. Мақомот мегӯянд тибқи қонун танҳо ҳамин ниҳод ҳақи тирандозӣ ва куштани ҳайвоноти ваҳширо дорад.
Гуфта мешавад, ки бори аввал ҳодисаи гӯршикофии хирсро дар қабристони “Кӯҳҳои Пихтов” охири моҳи октябр мушоҳида карда буданд. Он вақт вай талош карда буд ба ду гӯри нав панҷа занад ва дар яке аз ин гӯрҳо нишони салибро ҳам шикаста буд.
Аз ин пештар ҳам мақомоти марбута аз афзоиши шумори хирсҳо дар Урали Миёна хабар дода буданд. Соли 2015 мақомот ҳисоби онҳоро 3 763 гуфта буданд. Аммо соли 2020 шумори онҳо ба 4225 расидааст. То охири моҳи октябр дар вилояти Свердлови Русия барои аз байн бурдани 26 хирс қарор қабул шуда буд.