Ҳаводиси олам

Президенти Мексика ҳам олуда ба коронавирус шуд

Президенти Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор дар ҳавопаймои тиҷоратӣ ҳамагӣ чанд соат пеш аз оне парвоз кард, ки тест ба коронавирус мусбат эълон шуд ва ташхис олудагии сарвари ин кишвар ба КОВИД-19-ро тайид кард. Дар ин бора ахиран Fox News навишт.

Котиби матбуотӣ Хесус Рамирес гуфтааст, ки дар ҳақиқат сарвари давлат ларзишу вараҷаро дар худ эҳсос карда...

Рӯзи иқлим дар Кохи Сафед. Байден Амрикоро ба муоҳадаҳои байналмилалии мубориза бо тағйири иқлим бармегардонад

Президенти ИМА Ҷо Байден чанд фармонеро дар мавриди мубориза бо тағйири иқлим имзо кард. Аз ҷумла аз ин ба баъд Ҳукумати ИМА дигар барои пармакунии чоҳҳои нави нефтиву газӣ дар замини федерол литсензия намедиҳад.  Интизор меравад ин дастурҳо, ки тафовути басо ҷиддӣ бо сиёсатҳои ҳукумати қаблӣ доранд, ба муқовиматҳои шадиди саноати энержӣ рӯ ба рӯ шавад.

Ҳалокати панҷ нафар дар суқути чархболи тиббӣ дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. Нишасти изтирории як чархболи дигар дар Чукотка

Дар вилояти Квазулу-Натал, воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ як чархбол сарнагун шудааст ва бар асари он ҳаддиақал панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Бино ба хабари ожонсии “Синхуа” ин ҳодиса дирӯз рух додааст.

Ин хабаргузорӣ истинодан ба мақомоти расмӣ хабар додааст, ки ин чархболро як халабон идора мекард ва чор корманди

Оғози амалиёти наҷоти ҳашт моҳигире, ки дар Сахалин миёни баҳр мондаанд

Ҳашт моҳигир дар ноҳияи Макарови Сахалин рӯи яхпорае мондаанд, ки аз соҳил канда шудаааст. Дар миёни онҳо се нафар занонад. Дар ин бора ТААС истинодан ба мақомоти давлатии Сахалин иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки барои роҳандозии корҳои наҷот ҳоло як чархбол ба парвоз омода шудааст.

Дар маҳалли суқути ҳавопаймои Boeing дар Индонезия шикастапораҳо ва пораҳои ҷасади одамон пайдо шуд (ВИДЕО)

Имдодгарон дар маҳалли суқути ҳавопаймои Боинг – 737-524 дар баҳри Ҷова шикастапораҳои филизӣ, қисмҳои ҷасади одамон ва либосҳоро пайдо карданд. Дар ин бора Associated Press истинодан ба шахсони расмӣ иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки ҳоло корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Сарвари Агентии миллии ҷустуҷӯ ва наҷот Багус Пурухито...

Страницы