Дар вилояти Квазулу-Натал, воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ як чархбол сарнагун шудааст ва бар асари он ҳаддиақал панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Бино ба хабари ожонсии “Синхуа” ин ҳодиса дирӯз рух додааст.
Ин хабаргузорӣ истинодан ба мақомоти расмӣ хабар додааст, ки ин чархболро як халабон идора мекард ва чор корманди тиббӣ бо вай дар сафар буданд. Чархбол то расидан ба назди бемор дар шаҳри Бергвилл суқут кардааст.
Шоҳидон гуфтаанд, ки чархбол қабл аз он ки ба замин занад, дар ҳаво таркид. Ин хабаргузорӣ ҷузъиёти бештаре аз суқути чархбол наовардааст. Дар гузориши хабаргузориҳои дигар низ ҷузъиёти аз ин зиёдтар дида нашуд.
Дар ҳамин ҳол аз нишасти изтирории як чархболи дигар дар як рустое воқеъ дар Чукотка хабар дода мешавад. Хабаргузории давлати Русия ТАСС иттилои маркази матбуотии ҳукумати маҳаллиро оврадааст, ки дар он гуфта мешавад: “Чархбол ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи парвоз баногоҳ ба замин нишаст. Таҳлилҳои пешакӣ бар инанд, ки сабаби ин ҳодиса шояд афтиши фишор дар муҳаррики чархбол бошад”.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар ин нишасти изтироӣ касе зарб нахӯрдааст. Ҳамчунин дар бораи шумори мусофирон ва мансубияти чархбол ба кадом ширкат чизе гуфта нашудааст.
Рӯзи 8 январ аз суқути як чархбол ва ҳалокати се нафар дар вилояти Ленингради Русия хабар дода мешуд.