Ҳаводиси олам

Таркиш ва сӯхтори як бемористон дар шаҳри Бағдод 27 кушта ба ҷо гузошт ва даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кард (ВИДЕО)

Дар  сӯхтори як бемористон дар шаҳри Бағдод, пойтахти давлати Ироқ ҳаддиақал 23 нафар беморони гирифтори КОВИД-19 ҷон бохтанд ва даҳҳо тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳои дигар интиқол дода шуданд. Ин сӯхтор бар асари таркиши як баллони оксиген рух додааст ва Рейтер истинодан ба маъмурони бемористон гуфт, ки инфиҷор нишишабӣ ва ногаҳонӣ сар зад ва як бахши беморхонаро, ки беморони гирифор ба...

Як киштии зериобии Индонезия бо 53 сарнишинаш дар ҷазираи Балӣ нопадид шудааст

Ин киштии нопадишуда истеҳсоли Олмон дар даҳаи 80 –и асри гузашта буда, барои таъмири асосӣ ва навсозӣ ба Кореяи Ҷанубӣ эъзом ва пас аз ду сол, дар охири соли 2012 дубора вориди об карда шуд. Бино ба иттилои артиши Индонезия ҳоло ин киштӣ бо 53 сарнишинаш ҳангоми машқҳо дар наздикии ҷазираи Бали аз назарҳо нопадид шудааст. Дар айни замон Индонезия аз Австралия ва  Сингапур дар таҳқиқи обҳои баҳри Ҷова кумак хостааст.

Суқути ҳавопаймо дар олами варзиш

Аввалин суқути ҳвопаймо, ки як тими комили варзиширо ба ҳалокат расонд, 4-уми майи соли 1949 дар Италия иттифоқ уфтода буд. Дар ин суқути ҳавопаймо дастаи машҳури футболи Италия бо номи “Торино” пурра нобуд шуд. Замоне ин даста шуҳрати беандоза дошт ва дар қораи Аврупо беҳтарин ва нерумандтарин тими футбол ба шумор мерафт. Ин ҳавопаймо аз Лиссабон баъди бозии “Торино” бо “Бенфик” парвоз карда буд.

Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарад

Бо гузашти беш аз як садсола аз ғарқи об шудани киштии овозадори “Титаник” ҳамоно гуфтугузорҳо дар атрофи он поён намеёбанд. Дар остонаи саддумин соли суқути ин киштии овозадор хабаре интишор ёфта буд, ки тибқи он ёддошти хаттии мусофири  киштӣ хонум Лауре Франкателлӣ дар ауксиони Британияи Кабир  20 ҳазор фунт стерлинг (32 ҳазор доллари ИМА) ба савдо рафт. Ин хабарро ожонсии...

Фаввораи вулқони Ла-Суфлиев ба ҳаёти беш аз 100 ҳазор нафар таҳдид мекунад (ВИДЕО)

Ҷазираи Сент-Винсент, воқеъ дар Кариб бонги изтироб мезанад. Аз ҷаҳиши фаввораи пуршиддати оташфишони Ла-Суфлиев бояд фавран беш аз 100 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои ба он наздик ба маконҳои амн интиқол ёбанд. То ин лаҳзаҳо мақомот ба сокинон фармон додаанд, ки фавран аз макони хатар берун шаванд.
Фаввораи нави оташ гудозаҳои доғро то ҳудуди 6 километр

Страницы