Ҳаводиси олам

Сӯхтори ҷангал дар олам: Юнон, Русия, Туркия, Булғористон...дар миёни оташи ҷангал (ВИДЕО)

Аз ҷазираҳои Эвбея, ки як сарзамини сайёҳӣ дар Юнон  ва баъди ҷазираи Кирит дуюмин калонтарин ҷазираҳои ин кишвар мебошад, беш аз 2000 нафар ба сабаби авҷи сӯхторҳои шадиди ҷангал бо киштӣ ба маҳалҳои амнтар интиқол дода шуданд. Сӯхторе, ки тобистон дар ҷануби Аврупо сар зад, дар Юнон ба шиддат идома дорад. Аз густариши майдони ин сӯхторҳо дар ҷангалҳои Ёқутистони Русия ва мамолики дигар низ низ гузоришҳои зиёд мерасанд.

Вулканҳои манзумаи Хуршедӣ. Онҳо аз вулқонҳои заминӣ чӣ тафовут доранд?

Ковишгари байнисайёравии Juno чанде пештар як вулқони эҳсосшаванда дар Муштарӣ (панҷумин сайёра дар манзумаи Шамсӣ)-ро кашф кард.  Муштарӣ аз ҷумлаи сайёраҳои фаъол аст, вале аз нигоҳи оташфишонӣ дар манзумаи Хуршедӣ сайёраи ягона нест. Олимон то кунун садҳо вулқонҳоро дар дигар сайёраҳо мушоҳидаву кашф кардаанд, хабар дода буд  Live Science.

Оё ҳавои номусоид метавонад раванди таърихро тағйир диҳад?

Суол ба таърихи иртибот дорад. Ҳавои номусоид ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ. Ва то куҷо боду ҳавои борониву офатҳои дигари табиӣ сабаби хароб шудани тарҳҳои ҷангии бузург шудаанд.

"Обу ҳаво таърих месозад” - чунин ном дорад китоби Роналд Де Гарсте. Ин китоб дар бораи фалокатҳои табиие нақл мекунад, ки ба ҷараёни таърихи башар, ҳаракати қувваҳои...

Чаро тӯфонҳо бештар номи занона доранд? Ва чаро ҷопониҳо ба тӯфонҳои харобкор номи занона намегузоранд?

Асли суол бояд ин гуна буда бошад, ки чаро аслан тӯфонҳоро номгузорӣ мекунанд ва ин кор аз кай шурӯъ шуда? Посух ҳам хеле кутоҳ аст: аз он сабаб, ки  онҳоро ба ҳам наёмезанд, чун тӯфонҳо ҳар сол зиёд рух медиҳанд ва бояд ҳадди харобиву қувваи он аз ҳам фарқ карда шавад. Бахусус вақте дар як ноҳия якбора чандин тӯфони тропикӣ рух медиҳад.

Боронҳои шадид дар Чин. Обхезӣ то кунун 30 нафарро куштааст. 12 нафар дар як метро ҷон бохтаанд (ВИДЕО)

Дар пайи борандагиҳои басо шадид дар вилояти Ҳинони Чин 30 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Пешбинӣ шудааст, ки бориши борони шадид дар ин вилоят ҳамоно идома хоҳад кард. Ҳудуди 400 ҳазор нафар маҷбур ба тарки ҷову макони зисти худ шудаанд.

Аз рӯзи сешанбе ба инҷониб нерӯи барқ дар ин минтақа хомӯш шудааст. Муҳаққиқони чинӣ ҳушдор додаанд,

Страницы