Ҳаводиси олам

Сели харобкор дар ноҳияҳои Панҷекат, Айнӣ, Масчо ва Деваштич. Ҳалокати одамон ва чорвои калону хурд. ШАРҲИ РАСМӢ

Шабонарӯзи гузашта боронҳои шадид дар баъзе аз минтақаҳои кишвар сабаби омадани селҳои харобкор ва талафоти ҷонӣ шуд. Аз ҷумла  19-уми июли соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави вилояти Суғд сел омад ва дар баъзе ҳолатҳои ин сел зараровару пурқурбонӣ буд.
Тахминан соати 15:30 як сели азим дар деҳаи Дашти Қозии

Олмон дар гирдоби сел: Ҳалокати 19 нафар. Шумори кушташудагон меафзояд (ВИДЕО)

Дар Олмони Ғарбӣ бар асари сели азим 19 нафар ба ҳалокат расиданд, аммо мақомот мегӯянд ин омор дар ҳоли афзоиш аст. Бино ба маълуомти ахир то кунун 70 нафар бенишон ғайб задаанд.

Бино ба гуфтаи  сарварони иёлот ин гуна боронҳои пуршиддатро зарфи чанд соли охир касе аз сокинон ёд надоранд. Деҳаҳо аз об пур шудаанд, мошинҳо дар роҳҳо миёни об шино мекунанд, кас гумон меуунад, ки ин на роҳ,

Селфии сархӯр. Раъду барқ дар Ҳинд ҷони 11 нафарро ҳангоми селфӣ гирифт

Дар шаҳри Ҷойпури Ҳинд раъду барқ ҷони 11 нафарро гирифт ва теъдоди зиёдеро маҷрӯҳ кард. Бино ба гузориши расмии ҳукумати Ҳинд ҳамаи ин ҷонбохтагон дар як бурҷ ва қалъаи сайёҳӣ дар ҳоли гирифтани акс аз худашон ё селфӣ буданд.  Ин қалъа барои гардишгарон бисёр ҷаззоб буда ва аз нуқоти маъруфи шаҳр маҳсуб мешудааст.
Дар замони вуқӯъи ин ҳодиса ҳудуди 27 нафар дар рӯи бурҷ

Умеди зинда пайдо кардани одамон дар бинои 12-табақаии фурӯрафтаи Майамӣ барбод шудааст

Ду ҳафта пас аз фурӯ рехтани як бурҷи 12-табақаи дар соҳили ҷанубии Флорида мақомот мегӯянд умедҳо ба мавҷудияти шахсони зинда зери бино барбод шудаанд ва акнун марҳилаи дуюми корҳои имдоду наҷот шурӯъ мешаванд, ки ҳадаф аз он берун овардани ҷасади қурбониёни ин фоҷеа мебошад.  Маъмурон то кунун ҷасади 47 қурбонии ин воқеъаро пайдо кардаанд, аммо бино ба маълумоти пешакӣ бештар аз 90 нафари дигар бояд зери ин бинои фурӯғалтидо мавҷуд бошанд.

АЗ ДОНИШНОМА. Фурӯ рафтани бозори Басмани Москав, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳалок шуда буданд

Бозори Басман (то соли 1994 бозори Бауман) як бозори бузург дар кӯчаи Баумани ноҳияи Басмани пойтахти давлати Русия шаҳри Москав буд, ки аз соли 1975 то соли 2006 фаъолият кард. Субҳи рӯзи 23-уми феврали соли 2006, соати 05:20 дақиқа  боми он фурӯ рафт ва дар ин ҳодиса 68 нафар ҷон бохтанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. 33 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Страницы