Ҳаводиси олам

Фаввораи оташфишони Нирагонго дар Конго ҳудудан 2 миллион сокинони як шаҳрро водор ба фирор кардааст

Оташфишони Нирагонго дар Ҷумҳурии Демократии Конго, воқеъ дар марз бо Раундо рӯзи 22-уми май дубора фаввора зад. Бино ба гузориши хабаргузори  Reuters давлати Конго тарҳи тахлияи шаҳри Гуморо ба иҷро гузоштааст. Интиқоли неруи барқ ба шаҳр қатъ шудааст. Бӯи ғализи партовҳо ва гудозаҳо атрофро фаро гиифтааст.

Дар ҳамин ҳол вулканшинос Дарио Тедеско гуфтааст...

Тӯфон дар Гуҷароти Ҳинд: 200 ҳазор нафар аз хонаҳои худ фирор карданд. 127 нафар нопадид шуданд

Як тӯфони шадид бо суръати 160 километр дар як соат иёлоти Гуҷароти Ҳиндро фаро гирифт. Тибқи охирин хабарҳо ситоди неруҳои дарёии Ҳинд эълон кард, ки як киштии борбарӣ дар об ғарқ шудаву 127 нафар дар соҳили Бомбай нопадид шуданд.

Ин гирдбод дар масири  соҳилҳои ғарбии Ҳинд ҳаракат мекунад ва то кунун аз кушта шудани 12 нафар гузориш

Давлати Байден дар ИМА гузоришҳои иқлимии таҳияшуда дар даврони Тромпро мунташир кард

Созмони муҳофизат аз муҳити зисти Амрико як гузориши умдаи тағйири иқлим, ки давлати қаблии Амрико таҳти сарварии президент Доналд Тромп аз соли 2017 монеъи интишораш шуда буд, чоп кард. Гузориши “Нишондодҳои тағйири иқлим” маълумоти ҷамъоваришуда аз тарафи даҳҳо созмонҳои давлатиро ба ҳам оварда ва хисороти омода аз тағйири иқлим то ба имрӯзро инъикос мекунад.

Флоти сар аз тан ҷудо. 40 сол пеш ҳодисае рух дод, ки флоти уқёнуси Ороми Шӯравиро куллан бесарвар гузошт

40 сол пеш, 7-уми феврали соли 1981, дар наздикии фурудгоҳи низомии Ленинград ҳавопаймои Ту-104, ки бо 50 нафар – 44 мусофир ва 6 хадамаи он ба самти Владивосток дар ҳоли парвоз буд, сарнагун шуд. 16 нафари онҳо адмиралҳо ва генералҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ, 12 капитани ранги аввал ва полковникҳое буданд, ки аз ҷамъомади фармондеҳони кулли флотҳои ҳарбии Шӯравӣ бармегаштанд. 

Зердарёии Индонезияро тақсимшуда ба се ҳисса ёфтанд. Ҳамаи 53 сарнишини он ҳалок шуда буданд

Киштии зердарёии Индонезия KRI Nanggala-402-ро, ки дар ҷазираҳои Бали нопадид шуда буд, дар қаъри баҳр пайдо карданд. Киштӣ се ҳисса шудаву 53 сарнишини он ба ҳалокат расида буданд. Бино ба гузориши расмии флоти баҳрии Индонезия субҳи рӯзи якшанбе аз ин зердарёӣ як сигнали хеле заъиф расид, ки аз умқи 800 метр меомад.
Ба қаъри об батискаф (василаи зердарёпаймо) фиристода

Страницы