Оташфишони Нирагонго дар Ҷумҳурии Демократии Конго, воқеъ дар марз бо Раундо рӯзи 22-уми май дубора фаввора зад. Бино ба гузориши хабаргузори Reuters давлати Конго тарҳи тахлияи шаҳри Гуморо ба иҷро гузоштааст. Интиқоли неруи барқ ба шаҳр қатъ шудааст. Бӯи ғализи партовҳо ва гудозаҳо атрофро фаро гиифтааст.
Дар ҳамин ҳол вулканшинос Дарио Тедеско гуфтааст, ки ин вулкан ба шаҳри Гомо осеб намерасонад, дар ҳоле пештар ҳамин вулканшинос аз зарари эҳтимолӣ ба шаҳр суҳбат карда буд. Аммо бо вуҷуди огоҳиҳо сокинон аз тарсу ларз манзилҳои худро тарк мекунанд ва рӯ ба самти марзи кишвар бо Руандо меоранд. Ҳукуматдорон дар айни замон одамонро ба хештаннигоҳдорӣ ва оромӣ даъват кардаанд.
Дар ҳамин ҳол намояндагии СММ баъди як парвоз бо чархбол гуфтааст, ки гудозаҳои ин оташфишон ба шаҳри Гомо ва шаҳрҳои дигари калони Конго намерасанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳукумат тасмим гирифтааст то бартараф шудани хатар сокинонро ба макони амн ҳидоя кунад.
Бори охир вулкани Нирагонго соли 2002 фаввора зада буд. Бар асари ин ҳодиса дар шаҳри Гомо 250 нафар кушта шуданд ва 120 ҳазор нафари дигар бе хонаву дар монданд.
Вулкани Нирагонго дар 20-километрии баҳри Киву ҷойгир буда, баландии он 3 470 метр мебошад. Суръати ҳаракати гудозаҳо аз теппаҳои он метавонад то ба 96 км дар як соат расад.
Бино ба оморҳои таърихӣ фаввораи мудҳишу кушанда ва пурқурбонии ин оташфишон соли 1977 рух дода буд, ки дар он беш аз 600 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Гуфтанист, ки 8-уми майи соли 2021 ҳамчунин вулкани Синабунг дар Индонезия бедор шуда буд. Беш аз 12 ҳазор сокинон ногузир ба тарки хонаҳои худ шуданд. Ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳалли парвоҳоро мутаваққиф карда буданд. Ин вулкан ба ҳадде шадид буд, ки гудозаҳои худро ба 4 км масофа партов мекард.