Таркиши як танкери сӯхтбар дар Лубнон 20 нафарро кушт
Чоп шуд: 16/08/2021 | adminДар таркиши як танкер дар шимоли Лубнон дастикам 20 нафар кушта шуданд. Ин танкер маводи сӯхт интиқол медод. Салиби Сурхи байналмилал ин хабарро тайид кард ва аз интиқоли 7 ҷароҳатдида ва ҷасади қурбониёни ин инфиҷор хабар дод. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин гуфтааст, ки бемористонҳои минтақа шадидан ба хун барои ин маҷрӯҳон ниёз доранд.
Тасвири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ як сӯхтори басо бузургро дар соатҳои аввали бомдоди рӯзи якшанбе нишон доданд. Иллати ин таркиш ҳанӯз маълум нашудааст.