Нигаронии мақомоти Чин аз муҳоҷирати як галаи саргардони филҳои осиёӣ

Мақомоти Чин эълон карданд, ки  беш аз 150 ҳазор сокинони минтақае, ки дар масири ҳаракати галаи филҳои муҳоҷир қарор доранд, ба маконҳои дигар интиқол дода шуданд. Мақомоти маҳаллӣ дар ҷанубу ғарби вилояти Юннон нигарони бархурд байни сокинони минтақа ва 14 фили осиёӣ шуданд, ки моҳҳост дар ҳаракатанд. Расонаҳои давлатии Чин гузориш кардаанд, ки беш аз 25 ҳазор маъмурони полис бо истифода аз василаҳои нақлия ва ҳавопаймоҳои бесарнишин галаро зери назар доранд.

Ин ҳайвоноти муҳофизатшуда ҳудуди 17 моҳ пеш як зистгоҳи табииро дар вилояти Юннон тарк карданд. Аз он замон онҳо  масирии 500 кило метр ҳаракат карданд ва бо хӯрдани зироатҳои кишварзиву расонидани осеб ба биноҳои истиқоматӣ миллионҳо доллар хисорат оварданд.

Бо наздик шудани филҳо ба зистгоҳашон сокиноне, ки дар масири ҳаракати гала қарор дорнд,  ба таври муваққат аз макони зисташон ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд, то монеъи бархӯрд байни гала ва сокинон шаванд, ки талош доранд аз маҳсулот ва хонаҳояшон ҳифозат кунанд.

Талошҳо барои ҳидоят ва бозгардонидани онҳо ба самти ҳифозатгоҳи табиӣ дар аввал номуваффақ буд, аммо саранҷом гала ба самти зистгоҳи худаш ҳаракат кард.

Вон Юнг сарпарасти тими назорат бар филҳо рӯзи душанбе, 9 август дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки гала аз рӯдхонаи Юан Ҷиёнг убур кардааст ва ба ҳаракати худ ба самти ҷануб идома медиҳад.

Хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки ин галаи филҳо бо ҳамин суръати ҳаракат то 15-уми август 200 километр масофаро тай мекунад ва ба зистгоҳаш мерасад.

Коршиносон мегӯянд ҳоло дақиқ муайян нест, ки чаро филҳо баногаҳ қароргоҳи аслии худро тарк кардаанд, то даст ба чунин сафаре зананд. Онҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимол дорад як сардастаи бетаҷриба галаро ба бероҳа кашидааст, аммо иддае дигар мегӯянд эҳтимолан филҳо дар ҷустуҷӯи зистгоҳи дигаре шудаанд.

Гуфтанист, ки фили осиёӣ гунаи дар ҳоли нобудшавист. Чин танҳо ҳудуд 300 фили ваҳшӣ дорад, ки умдатан монанди ин галаи саргардон дар ҷануби вилояти Юннон зиндагӣ доранд.

Манбаъ: ВВС

барчасп: