Таркиши як танкери сӯхтбар дар Лубнон 20 нафарро кушт

Дар таркиши як танкер дар шимоли Лубнон дастикам 20 нафар кушта шуданд. Ин танкер маводи сӯхт интиқол медод. Салиби Сурхи байналмилал ин хабарро тайид кард ва аз интиқоли 7 ҷароҳатдида ва ҷасади қурбониёни ин инфиҷор хабар дод. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин гуфтааст, ки бемористонҳои минтақа шадидан ба хун барои ин маҷрӯҳон ниёз доранд.

Тасвири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ як  сӯхтори басо бузургро дар соатҳои  аввали бомдоди рӯзи якшанбе нишон доданд. Иллати ин таркиш ҳанӯз  маълум нашудааст.

Лубнон дар ҳафтаҳои охир дучори камбуди маводи сӯхт буда ва гузоришҳое дар бораи дуздида шудани тонкерҳои сӯхткашон мунташир шуда буданд.

Сайид Ҳарирӣ-нахуствазири пешини Лубнон ин инфиҷорро ба таркиши соли гузашта дар бандари Бейрут муқоиса кардааст ва дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки ин таркиш ҳеч тафовуте бо таркиш ва куштори бандари Бейрут надорад.

Вай аз мақомҳои расмии кишвараш, аз ҷумла аз президенти Лубнон хостааст бори ин масъулиятро бипазиранд ва фавран аз мақомашон истеъфо диҳанд. 

Манбаъ: ВВС форсӣ

барчасп: