Суқути чархбол бо сайёҳон дар Камчатка ва ҳалокати 8 нафар дар ин сонеҳа

Бар асари суқути як чархболи Ми-8, ки гардишгаронро интиқол медод, 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳодиса дар мамнӯъгоҳи Кронотс воқеъ дар Камчатка рух дод ва гуфта мешавад, дар он 16 нафар савор буданд. 13 нафарашон мусофирон, ки яке аз онҳо кӯдак буд ва 3 нафар ҳайати экипаж.

Чархбол дар кӯли Курил сарнагун шудааст ва дар умқи тахминан 100 метр фурӯ рафтааст, хабар доданд наҷотдиҳандагон.

Ҳашт нафар зиндамондагонро, ки ду нафари онҳо ҳайати экипаж буданд,  фаврӣ ба бемористон интиқол доданд. Дар ҷойи ҳодиса ҳоло ғаввосону имдодгарон фаъолият доранд. Аммо аз вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар додаанд, ки ғаввосон танҳо барои рафтан ба умқи 20 метр таҷҳизот доранд.

Чархболи сарнагуншудаи Ми-8 ба ширкати “Витяз-Аэро” мутааллиқ будааст. Поягузор ва соҳиби ин ширкат миллионер Игор Редкин мебошад, ки ахиран ба гуноҳи қатли вакили мардумии Камчатка боздошт шудааст. 

Интерфакс истинодан ба манбаъҳои худ гуфтааст, ки чархболи сарнагуншуда 40 сол инҷониб фаъол буд. Ва тибқи шаҳодатнома иҷозаи парвози он соле баъд, 16-уми июни соли 2022 ба анҷом мерасид. 

 Сабаби суқути чархбол эълон нашудааст.

барчасп: