Моҳи августи соли 1997 шадидтарин оташсӯзиҳои ҷангал дар Индонезия, аз ҷумла дар ҷазираҳои Сумотро (шашумин ҷазираи бузурги ҷаҳон ва калонтарин ҷазирае мебошад, ки тамоми хоки он дар қаламрави Индонезия воқеъ аст) ва Борнео (саввумин ҷазираи бузурги ҷаҳон) рух доданд. Сабаби он рушди кишоварзӣ дар заминҳои тозашуда аз дарахтони бешазор мебошад.
Маъмулан барои фароҳам овардани шароити кишт ва тайёр кардани замин ҷангалҳо сӯзонида мешаванд. Оташ қаламрави беш аз 2 миллион гектарро то охири моҳи сентябр фаро гирифт ва поёни ин моҳ ин ҳодиса чун офати миллӣ эълон гардид. Тумани пурғубору торик аз ин оташсӯзӣ Индонезия, Малайзия, Бруней, Сингапур, қисман Талиланд, Филиппин ва Ветнамро пӯшонд. Дар минтақаи офат беш аз 70 миллион нафар зиндагӣ мекарданд. Аз дуду ҳавои ғализу сӯхта наздик ба 240 сокини Индонезия фавтиданд ва даҳҳо ҳазор нафар аз ин дуди ғализу бадбӯй ҷабр диданд. Садамаҳо дар нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёиву заминӣ бар асари торикии ҳаво сабабгори марги беш аз 300 нафар шуданд. Ба сӯхтор гармои шадид, хушкиву бенамии ҳаво таъсир расонд.
Моҳи июни соли 2007 дар ноҳияҳои гуногуни Юнон бар асари гармои шадид, ки ба ҳадди 40 дараҷа болои сифр расида буд, сӯхтори азим 270 ҳазор гектар ҷангалро нобуд кард. Вазъи басо пурхатар рӯзҳои 23-27 август рух дод, ки сӯхтор аз назорат пурра хориҷ шуд ва оташ метавонист кулли бешаҳои ноҳияи Олимпро ба хокистар табдил диҳад. Дар ин офат 84 нафар ҷони худро аз даст доданд. Барои хомӯш кардани забонаи оташ ҳавопаймоҳои аксар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ширкат карданд. Русия ҳам дар канор намонд ва ба минтақаи офат ҳавопаймои Бе-200 ва 13 чархболи сӯхторхомӯшкуниро эъзом кард.