Ҳудуди 1300 куштаи заминларзаи Ҳоитӣ дар шанбеи гузашта. Ин кишвар сари роҳи тӯфони “Грейс” низ қарор гирифтааст

Дар натиҷаи як заминларзаи шадид дар Ҳоитӣ то ба ин лаҳзаҳо 1297 нафар ҷон бохтаанд, аммо ин омори ниҳоӣ нест. Ҷустуҷӯи қурбониёни зилзила идома дорад.  Ҳукумати Ҳоитӣ эълон кард, ки замин дар кишвар ба қувваи 7,2 бал такон хӯрд ва то субҳи рӯзи якшанбе ҷасади 1297 нафар пайдо шудааст. Ҳамчунин аз ҷароҳатдор шудани беш аз 6 ҳазор нафар гузориш дода мешавад. 

Ҷерри Чандлер-сарвари хадамоти наҷоти Ҳоитӣ ба журналистон гуфтааст, ки беморхонаҳои минтақаи заминларза аз захмиён пуранд. “Ҳоло муҳимтарин масъала таъминоти тиббӣ ва ёриҳои аввалия ба зарардидагон аст. Мо доруворӣ ва духтуронро ба маҳалли заминларза эъзом кардем. Қисмати бештари ҷароҳатдидагон аллакай интиқол дода шуданд ва имрӯз ва рӯзи оянда низ ба ин кор идома медиҳем”,-гуфтааст дар нишасти матбуотӣ Сарвазири Ҳоитӣ Ариэл Анри.

 Маркази ин заминларза тахминан 8 километр аз шаҳри Пти-Тру-о-Нипп буда, дар пойтахти ин кишвар низ такони замин ҳисс шудааст.

Хадамоти геологии ИМА ахиран гузориш дод, ки ба дунболи заминларзаи асосӣ се зилзилаи дигар ҳам, ки яке бо қувваи 5,8 балл буд, ба қайд гирифта шуд.  Аммо ин се ларза чӣ талафоту чӣ хисорат дошт, ҳоло маълум нест.

Сарвазир Анри бо чархбол ба маҳалли ҳодиса рафтааст ва як ҳолати фавқулодаи якмоҳа эълон намудааст.

Аммо Ҳоитиро як фоҷеаи эҳтимолии дигар интизор аст ва он метавонад ба роҳандозии корҳои наҷот халал расонад. Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки ин кишвар эҳтимол сари роҳи тӯфони “Грейс” қарор гирад ва рӯзи душанбе эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки селу обхезиҳои пуршиддат муҷиби шикастурехтҳои дигар шаванд. 

Аз сӯи дигар гузориш мерасад, ки  макони заминларза дар роҳе қарор гирифтааст, ки як дастаи мусаллаҳи мухолифи давлат зери назорат дорад ва ин метавонад ба расонидани ёриҳои башарӣ монеъ шавад.

Ариэл Анри дар ҳамон нишасти ёдшудаи матбуотӣ гуфтааст: “Ҳама медонанд, ки мо дар ноҳияи Мартессан мушкил дорем, вале қарор гузоштем, ки ба ҳар роҳе бошад кумакҳоро ба зарардидагон ироа кунем”. Вай гуфт, ки ҳоло пулис ва артиш вазифадор шуда, ки ин мушкилро ҳал кунад.

Дар ҳамин ҳол президенти ИМА Ҷо Байден барои рафъи паёмадҳои офат ваъдаи ёрии фаврӣ кард.

Расонаҳо навиштанд, ки баъди заминларзаи харобкори соли 2010, ки беш аз 200 ҳазор нафарро кушта буд, ин кишвар ба худ наёмадааст. 

барчасп: