Ҳаводиси олам

Шаҳри Пекин дар гирдоби тӯфони регӣ. Рӯйдоде, ки даҳсолаҳо собиқа надоштааст

Субҳи имрӯз-душанбе пойтахти давлати Чин бо як тумани ғализ пӯшида шуд. Ин як тӯфони регие буд, ки даҳсолаҳо ба инҷониб собиқа надоштааст.  Бар асари ин нишондиҳандаҳои ҳавои ғализ дар Пекин ва баъзе ноҳияҳои атрофи он 160 баробар бештар аз ҳадии тавсияшаванду буд.  Садҳо ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳо интизори парвозанд, вале осмон ба ҳадде тира аст, ки ин корро амалан номумкин гардондааст. 

Ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаӣ дар Ҷопон. Ин фоҷеа 10 сол пеш рух дода буд

Ҷопон ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаии  Фукасиморо дар даҳумин солгарди  ин фоҷеа гиромӣ медорад. Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 11 март зилзилаи шадид бо қувваи 9 балл тибқи ҷадвали Рихтер Ҷопонро ларзонд, ки ин мудҳиштарин ва пурқудраттарин зилзила дар таърихи ин кишвар дониста шудааст. Ба дунболи такони шадиди замин шаҳрҳои ба соҳили обҳои шарқии Ҷопон наздикро мавҷи азими сунамӣ фаро гирифт.

Фирори тимсоҳҳо аз як мазрааи парваришӣ дар Африқои Ҷанубӣ. Мақомот мегӯянд маълум нест чанд тимсоҳ фирор кардааст

Як гурӯҳи махсус аз пулис тимсоҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ахиран аз мазраае воқеъ дар вилояти Капски Ғарбии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ фирор кардаанд. Бино ба гузориши расмӣ дар айни замон 27 тимсоҳи фирорӣ пайдо ва ба макони будубоши қаблиашон баргардонида шудаанд. Аммо маълум нест, ки дар маҷмӯъ чанд ин гунаи хазанда фирор кардааст. Мақомоти ҳисоби дақиқи онҳоро намедонанд ва ин кори ҷустуҷӯро мушкил...

Ёде аз таърих. Суқути як ҳавопаймо дар Порис 47 сол муқаддам

Ин фоҷеаи мудҳиш 47 сол пеш дар ҳамин рӯз рух дод. Рӯзи якшанбе, 3-уми марти соли 1974 дар наздикии шаҳри Порис ҳавопаймои McDonnell Douglas DC-10-10 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines суқт кард.  Ин ҳавопаймо бо хатсайри ТК 981 Истамбул-Порис-Лондон дар ҳоли парвоз буд.

Аммо баъди ҳамагӣ 6 дақиқаи ба ҳаво хестан аз фурудгоҳи...

БУЗУРГТАРИН ОБШОРИ ОЛАМ – НИАГАРА; як бахши он ЯХПӮШ ШУД!

Сардиҳои шадид дар Амрикои Шимолӣ сабагори қисман ях бастани бузургтарин обшори олам Ниагара шуд. Навори видеоие, ки ахиран дар шабакаҳо гардон шуд,  нишон медиҳад, ки гардишгарон ба шавқ ин манзараро расм мегиранд. Дар яке аз ин наворҳо тирукамони хеле равшан ҳам чун як манзараи нодири табиат дида мешавад.

Страницы