Боронҳои шадид дар Чин. Обхезӣ то кунун 30 нафарро куштааст. 12 нафар дар як метро ҷон бохтаанд (ВИДЕО)

Дар пайи борандагиҳои басо шадид дар вилояти Ҳинони Чин 30 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Пешбинӣ шудааст, ки бориши борони шадид дар ин вилоят ҳамоно идома хоҳад кард. Ҳудуди 400 ҳазор нафар маҷбур ба тарки ҷову макони зисти худ шудаанд.

Аз рӯзи сешанбе ба инҷониб нерӯи барқ дар ин минтақа хомӯш шудааст. Муҳаққиқони чинӣ ҳушдор додаанд, ки  тағйироти иқлимӣ боиси афзоиши боронҳое мешавад, ки қаблан касе онро пешбинӣ накарда буд.

12 нафар кушташудагони ин сели азим мусофирони метро буданд, ки дар ҳоли сафар қарор доштанд.  Шабакаҳои иҷтимоӣ саршор аз нашри видео аз ҷойи ҳодиса аст. Дар чанде аз ин наворҳо дида мешавад, ки мусофирони метро сар аз вагонҳо баровардаву роҳи наҷот меҷӯянд.

Мақомот ҳоло эълон кардаанд, ки ҳудудан то 500 нафар бо истифода аз тунелҳои метро ҷони худро аз марг наҷот додаанд.
Дида мешавад, ки бисёре аз роҳҳои асосӣ табдил ба як рӯдхона шуда ва автомобилҳо дар оби тунди сел шино мекунанд.
Борон дар ин минтақаи марказии Чин ҳамоно бо шиддат меборад ва хатари зери об мондани хонаҳо ва талафоти дигари ҷонӣ пешбинӣ мешавад.

барчасп: