Ду ҳафта пас аз фурӯ рехтани як бурҷи 12-табақаи дар соҳили ҷанубии Флорида мақомот мегӯянд умедҳо ба мавҷудияти шахсони зинда зери бино барбод шудаанд ва акнун марҳилаи дуюми корҳои имдоду наҷот шурӯъ мешаванд, ки ҳадаф аз он берун овардани ҷасади қурбониёни ин фоҷеа мебошад. Маъмурон то кунун ҷасади 47 қурбонии ин воқеъаро пайдо кардаанд, аммо бино ба маълумоти пешакӣ бештар аз 90 нафари дигар бояд зери ин бинои фурӯғалтидо мавҷуд бошанд.
Аксари қурбониёне, ки то кунун ҷасади онҳо пайдо шудааст, дар тахти хоб буданд. Зеро ин ҳодиса ду ҳафта пеш, дар нимашаб рӯйд дода буд. Рӯзи аввал аз нопадид шудани ҳудудан 100 нафар хабар дода мешуд.
Дар байни онҳо шаш нафар шаҳрвандони Парагвай буданд, ки яке аз онҳо ҳамшираи ҳамсари сарвари Парагвай буд. Ҳамроҳ бо вай аз сарнавишти се фарзандаш низ иттилое дар даст набуд.
Ин бурҷи азим дорои 130 ҳуҷраи зист буд ва он соли 1981 бино ёфтаву то кунун борҳо мавриди санҷишу таҳқиқ қарор гирифтааст. Бино ба гуфтаи маъмурият шаби ҳодиса 80% утоқҳои он пур буд, 35 нафарро зинда наҷот доданд.
Дар рӯзҳои аввал аз пайдо карда шудани 53 бошандаи он низ иттило пахш шуда буд.