Даҳҳо гавазни шимолӣ дар канораҳои деҳаи Хатанга дар ноҳияи Таймири кишвари Краснояркс ба ҳалокат расидаанд. Бино ба гузориши хабаргузориҳои давлатии Русия эҳтимолан ин гавазнҳо ҳангоми муҳоҷирати мавсимӣ аз ҷониби шикорчиёни ғайриқонунӣ кушта шуда бошанд, вале иддае аз коршиносон фарзияи ғарқ шудани онҳо ҳангоми убур аз дарёро пеш меоранд.
Расонаҳо навиштанд, ки ин гавазнҳо шаби 3-уми август, замони муҳоҷирати мавсимӣ аз Таймир ба самти Эвенкию кушта шуданд ва маъмулан ҳамасола роҳи ҳиҷрати мавсимии онҳо аз ҳамин ҷода мегузашт. Нишебии деҳа то соҳили рӯди Казачё пур аз ҷасади гавазнбачаҳо ва гавазнҳои модина буд ва даҳҳо сари дигар шадидан захмӣ шуда буданд, хабар дод Интерфакс.
Шикорчиёни маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин гавазҳо аз ҷониби шикорчиёни ғайриқонунӣ кушта шудаанд. Сомонаи “Хайт.рф” расми гавазнҳои ҳалокшударо интишор додаву зери он шарҳе ба ин мазмун навишта: “Чунин амали золимона зидди ҳайвони безарарро таърихи Хатанга ёд надорад”.
Нозири минтақавии шикори ҳайвонот Александр Беляев ба NGS24.RU гуфтааст, ки вақте ба соҳил омад, даҳҳо гавазнҳои ҷавонро кушта дид ва худи ӯ 56 ҷасадро ҳисоб кардааст, ки 17 ҷасад бар асари тири камон ҳалок шудаанд, боқимондаҳо ғарқ шуда буданд.
Аммо пулис дар шарҳи хабарҳо гуфтааст, ки танҳо дар ду гавазн нишонаҳои ҷароҳат аз тирро мушоҳида кардааст. “Ҳангоми таҳқиқ кормандони идораи пулис муайян карданд, ки панҷ километр дуртар аз шаҳрак дар соҳили рости дарёи Хатанга (рӯди дигаре дар канори Казачя) 56 ҷасади гавазнҳои ваҳширо ҳисоб кардаанд ва танҳо ду сар аз онҳо эҳтимолан аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд ва ҳамин гуна ҷароҳат доранд”, - хабар додаанд аз раёсати ВКД дар шарҳи Карасноярск. Бештари гавазнҳои ҳалокшуда гавазнҳои ҷавон буданд ва ба эҳтимоли зиёд ҳангоми убур аз дарё қуввати гузар накарданд ва ғарқ шуданду баъдан мавҷи об онҳо ба соҳил партов кардааст.
Полис ҳамчунин гуфтааст, ки бовуҷуди ин бо моддаи ҷиноятии шикори ғайриқонунӣ парванда боз кардааст ва шахсони ба ин кор дастдоштаро низ шиносоӣ кардааст.
Аммо нозири шикор Беляев ба ин хулоса розӣ нест ва мегӯянд шумори гавазнҳои ҳалокшуда бештар аз он буд, ки расман эълон кардаанд. “Ман духтури ҳайвонотро даъват карда будам, бо ҳам аз назар гузарондем, аммо аз чӣ бошад, ки баъдан рақамро таҳриф кард, ғайр аз ду гавазн ӯ нишони тир дар гавазнҳои дигарро надид. Баъдан пулис омад. Ман онҳоро ташвиқ кардам, ки ҷасадҳои тирхӯрдаҳоро бо худ барои ташхис баранд, вале онҳо ин корро накарданд. Макони ҳодисаро аз назар гузарониданд, маро пурсиданд ва рафтанд. Субҳ аллакай ин гавазнҳо дар ҷойи ҳалокаташон набуданд.
ВА БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ: