Вулканҳои манзумаи Хуршедӣ. Онҳо аз вулқонҳои заминӣ чӣ тафовут доранд?

Ковишгари байнисайёравии Juno чанде пештар як вулқони эҳсосшаванда дар Муштарӣ (панҷумин сайёра дар манзумаи Шамсӣ)-ро кашф кард.  Муштарӣ аз ҷумлаи сайёраҳои фаъол аст, вале аз нигоҳи оташфишонӣ дар манзумаи Хуршедӣ сайёраи ягона нест. Олимон то кунун садҳо вулқонҳоро дар дигар сайёраҳо мушоҳидаву кашф кардаанд, хабар дода буд  Live Science.

Баъзе аз ин вулқонҳо гудозаҳоро ба садҳо километр дур партов мекунанд. Донишмандон мегӯянд дар Ио (номи яке аз Моҳҳои сайёраи Муштарӣ) сели гудоза ва баҳрҳо басо зиёданд, дар ҳоле, ки ин гуна зуҳурот дар Замин нодир аст. Мисоли ин оташфишони Килауэа – оташфишони сипаршакли дар ҳоли ҳозир фаъол дар ҷазираҳои Гавайи Амрикост. Эҳтимол меравад назири ин дар Миррих ва ё Зуҳра дар гузаштаи дур рух дода бошад. Оташфишони Килауэа дар имтидоди соҳили ҷанубии ҷазира воқеъ аст ва байни 300 то 600 ҳазор сол умр дорад ва дар ҳудуди 100 ҳазор сол пеш аз сатҳи дарё берун задааст.

Қамари ёдшудаи Муштарӣ ҳоло хуб омӯхта нашудааст. Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар қутбҳои он фавраҳои басо пурқудрат, вале аҳён-аҳён ба вуҷуд меоянд. Аммо ин ҳоло фарзия аст ва пурра исбот нашудааст. 

Дар худи Муштарӣ низ ҳаракати гудозаҳои партовшуда мушоҳида шудааст. Дамо дар ин сайёра метавонад то ба 425 дараҷаи Селсия расад. Ҳоло барои илм рушан нест, оё дар Муштарӣ вулқони амалкунандаву фаъол вуҷуд дорад ё на. Аммо донишмандон мавҷудияти онро истисно намекунанд. Дастгоҳҳои кайҳонӣ дар қуллаи вулқонии Идунн Монс воқеъ дар нимкураи ҷанубии Муштарӣ нишонаҳои фаъолнокиро мушоҳида кардаанд. Баландии он наздик ба 2500 метр аст ва қутраш қариб ба дусад километр  мерасад. 

Аксари вулқонҳои мушоҳидашуда дар Муштарӣ чун оташфишонҳои заминӣ гунбазианд. Ин гуна вулқонҳо маъмулан замоне шакл мегиранд, ки ҳар гуна тафтаҳое, ки аз танӯраи он хориҷ мешаванд, дар атрофи кратер сахт мешавнд, на ки ба ёнаву нишебиҳо шорида раванд ва дуртар паҳн шаванд. Яке аз ин гуна вулканҳо дар иёлоти Вашингтони ИМА (дар кӯҳи Сент-Ҳеленс) ҷой гирифтааст. 

Аммо дар Муштарӣ вулканҳои сипаршаклро низ метавон мушоҳида кард. 

Дар Миррих баландтарин оташфишони манзумаи Хуршедӣ ҷойгир аст, ки онро Олимп номидаанд ва боз чанд вулкани азими дигар низ дида шудааст. Фарзияе, ки дар бораи андозаи бузург доштани ин отшафишонҳо баён мешавад, он аст, ки дар Миррих қувваи гирониш ё худ гравитатсия заъиф аст.

Баландии оташфишони Олимп 26 километр аст ва он ду баробар бузургтар аз вулкани Мауна-Кеаи Замин мебошад. Аммо кулли вулканҳои Миррих аз ҷумлаи оташфишонҳои хомӯшанд, чун дар давру буми онҳо нишонаҳо нави фаврони оташфишонӣ дида нашудааст. 

Олимон ҳамчунин дар гузашта вулканҳоро дар Уторид, сайёраи паканаи Сирис (анг. Ceres), дар қамари Муштарӣ - Аврупо ва қамари Зуҳал - Энселад низ мушоҳида кардаанд. Ин донишмандон мегӯянд дар баъзе ҷирмҳои осмонӣ метавонад вулқонҳои яхӣ вуҷуд дошта бошанд, ки аз худ на гудоза, балки оби омехта бо метан ва азот хориҷ мекунанд. Инҳо Плутон, Тритон (калонтарин қамари Нептун) ва Харон (юнонии Χάρων - қамари Плутон) мебошанд. 

барчасп: