Асли суол бояд ин гуна буда бошад, ки чаро аслан тӯфонҳоро номгузорӣ мекунанд ва ин кор аз кай шурӯъ шуда? Посух ҳам хеле кутоҳ аст: аз он сабаб, ки онҳоро ба ҳам наёмезанд, чун тӯфонҳо ҳар сол зиёд рух медиҳанд ва бояд ҳадди харобиву қувваи он аз ҳам фарқ карда шавад. Бахусус вақте дар як ноҳия якбора чандин тӯфони тропикӣ рух медиҳад.
Пештар номгузорӣ тасодуфиву бенизом буд. Бештар вақте агар он ба замону макони муқаддас рух медод, вобаста ба ҳамон номгузорӣ мешуд. Масалан, тӯфони 26-уми июли соли 1825 дар Пуэтро-Рикоро аз он сабаб, ки дар рӯзи Аннаи Муқаддас (Аннаи қадис-пок. Бино ба гуфтаи динҳои иброҳимӣ модари Марям ва модарбузурги Исо (а) буд, ки нистабаш ба Довуд мерасид. Ин шахс дар ислом ва масеҳият мавриди эҳтиром аст. Аммо номаш дар Инҷил ва Қуръон наёмадааст) рух дод, “Санта-Анна” номиданд. Баъзан тӯфонҳо ба номи маҳалле, ки аз он сар задааст, номгузорӣ мешуданд. Як усули маъмули номгузорӣ маълум аст, ки ба ҳавошиноси автралиёӣ Клемент Рагг иртибот медиҳанд. Вай тайфунҳову тӯфонҳоро ба номи он узви парламоне номгузорӣ мекард, ки барои сармоягузории таҳқиқотҳои ҳавошиносӣ мухолиф овоз медод.
Замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳавошиносони неруҳои ҳавоӣ ва ҳарбӣ-баҳрии ИМА, ки тӯфонҳо дар қисмати шимолу ҷанубии уқёнуси Оромро назорат мекарданд, ба хотири гурез аз дарҳам-барҳамии номгузориҳои тӯфонҳои сершумор онҳоро ба номи ҳамсарон ва ё маъшуқаҳои худ номгузорӣ мекарданд. Баъд аз анҷоми ҷанг хадамоти миллии ҳавошиносии ИМА рӯйхати номҳои занонаро ба тартиби алифбо тартиб дод ва дар ин рӯйхат исми кутоҳ ва хотирмон шарти аввал дониста мешуд.
Соли 1950 номгузории тӯфонҳои баҳрӣ ба системаи муайян даромад. Дар аввал алифбои фонетикии ҳарбиро истифода карданд, вале соли 1953 дубора ба номи занона баргаштанд. Аз ҳамон сол номгузории кулли тӯфонҳои олам ба номи занон ба як система даромад ва он аз қитъаи Амрико ба тӯфонҳои уқёнуси Оромӣ, уқёнуси Ҳинд ва ғайра низ ҷорӣ шуд. Ва чун ин ба система даромад ва қабул гардид, тасмим гирифтанд, ки аз ин ба баъд ба тартиби алифбо номҳои занонаро ба ҳар тӯфон ё тайфун диҳанд, то дигар хараҷу мараҷҳо дар номгузорӣ ба поён расад. Боз ҳам номҳои кутоҳ ва хотирмон дар мадди аввал буданд. Барои тайфунҳо дар аввал 84 исми занона мавриди қабул дониста шуд. Соли 1979 Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҳамроҳ бо хадамоти ҳавошиносии милии ИМА ин рӯйхатро густариш дод ва номҳои мардона низ шомили он шуд.
Аз он ки ҳавзаҳои тӯфонӣ зиёданд, рӯйхати номҳо низ зиёданд. Барои тӯфонҳои ҳавзаи уқёнуси Атлас 6 номгӯи алифбоӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он шомили 21 ном аст ва ин номҳо муддати 6 сол пайи ҳам истифода мешаванд. Агар дар ҳамон сол шумори тӯфонҳо беш аз 21 шуд, номгузорӣ ба алифбои юнонӣ мегузарад.
Ва агар тӯфон хеле мусибатбору харобкор омад, он ном дар ягон тӯфони дигари солҳои оянда аслан истифода намешавад. Масалан баъди тӯфони Катрин, ки харобиовартарин тӯфони сол буд, номи Катрин аз ин рӯйхат ҳазф шуд.
Барои қисмати шимолу шарқии уқёнуси Ором ба тайфунҳо гузоштани номи ҳайвонот, гулҳо, дарахтон ва ҳатто ғизоҳо маъмул аст. Аз ҷумла: Накри, Юфунг, Канмури, Копу...Ҷопониҳо ба тӯфонҳои харобкор гузоштани номҳои занонаро написандиданд, зеро дар ин кишвар эҳтиром ба занон дигар аст ва аз назари ҷопониҳо бонувон мавҷуди латифу ороманд, на ки харобкору тӯфонӣ. Сиклонҳои тропикии қисмати шимолии уқёнуси Ҳинд аслан номгузорӣ намешаванд.
Манбаъ: ria.ru