Аз ҷазираҳои Эвбея, ки як сарзамини сайёҳӣ дар Юнон ва баъди ҷазираи Кирит дуюмин калонтарин ҷазираҳои ин кишвар мебошад, беш аз 2000 нафар ба сабаби авҷи сӯхторҳои шадиди ҷангал бо киштӣ ба маҳалҳои амнтар интиқол дода шуданд. Сӯхторе, ки тобистон дар ҷануби Аврупо сар зад, дар Юнон ба шиддат идома дорад. Аз густариши майдони ин сӯхторҳо дар ҷангалҳои Ёқутистони Русия ва мамолики дигар низ низ гузоришҳои зиёд мерасанд.
Аксари интиқолёфтагон сайёҳони хориҷӣ ва сокинони бумии ин ҷазира буданд. Ҳоло дар саросари Юнон даҳҳо сӯхтори ҷангал ба қайд гирифта шудааст, ки пурқудраттарини он дар ҷазираи Эвбея мебошад. Рӯзҳои истироҳати гузашта барои хомӯш кардани оташи фурӯзони ин сӯтор садҳо нафар сӯхторхомӯшкунандагон, ҳамчунин 17 ҳавопаймо ва чархбол ширкат намуд.
"Мо ҳоло дар ду ҷабҳаи оташсӯзӣ дар набардем: яке дар шимол ва дуюмӣ дар ҷануби кишвар”, - гуфт ноиби вазири ҳифзи шаҳрвандони Юнон Никос Хардалиос. – Ҳоло дар пеш як шом ва як шаби басо мушкил хоҳем дошт”.
Вай илова кард, ки дар Афина, ки рӯзҳои гузашта вазъ мушкил буд, ҳоло беҳтар шудааст, вале хавфи он вуҷуд дорад, ки бар асари гармо сӯхтор метавонад дубора сар занад ва боди шадид ба густариши он кумак кунад.
Сабаби аслии сӯторҳои ҷангал дар Юнон гармои шадиди рӯзҳои охир аст, ки дамои ҳаво аз 40 дараҷа боло рафтаву дар баъзе минтақаҳо то ба 47 дараҷ расидааст. Таҳлилгарон мегӯянд чунин гармои шадидро 30 соли охир касе ёд надорад.
Бино ба навиштаи нашрияҳои маҳаллӣ, ки ба оморҳои расмӣ истинод мекунанд, дар айни замон сӯхтор беш аз 56 ҳазор гектар бешазоронро дар бар гирифтааст ва поёни ин офат маълум нест, яъне майдони оташсӯзи дар ҳоли афзоиш аст.
Чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, Фаронса ва Британия бо ирсоли оташнишонон ва таҷҳизоти мубориза зидди сӯхтор ба Юнон кумак кардаанд ва сарвазири Юнон дар Твиттери худ ба ҳамаи кишварҳое, ки ёрӣ расондааст, изҳори сипос кардааст.
Тобистони имсол гармтар аз тобистони гузашта омад ва ҳоло сӯхтори ҷангал дар кишварҳои ҳамсояи Юнон, аз ҷумла Албания, Булғористон, Македонияи Шимолӣ ва Туркия ва дар иёлоти амрикоии Калифорния ба қайд гирифта шудаанд.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон эълон кард, ки Эрон барои кумак дар мубориза зидди сӯхтори ҷангал ба ин кишвар ҳавопаймо фиристодааст. Эрдуғон, ки рӯзи шанбе аз минтақаҳои сӯхтор дидан мекард, гуфт: “Бо эъзоми ҳавопаймоҳои оташнишон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Украина ва ба тозагӣ аз Эрон теъдоди ҳавопаймои оташнишон афзоиш ёфтааст”.
Бино ба гузориши расонаҳои хабарии Русия дар Ёқутистон, ки дар шарқи ин кишвар ҷойгир аст, сӯхтори ҷангал беш аз 6 миллион гектарро фаро гирифтааст, ки ин ду баробари қаламрави Белгия мебошад.