Як киштии зериобии Индонезия бо 53 сарнишинаш дар ҷазираи Балӣ нопадид шудааст

Ин киштии нопадишуда истеҳсоли Олмон дар даҳаи 80 –и асри гузашта буда, барои таъмири асосӣ ва навсозӣ ба Кореяи Ҷанубӣ эъзом ва пас аз ду сол, дар охири соли 2012 дубора вориди об карда шуд. Бино ба иттилои артиши Индонезия ҳоло ин киштӣ бо 53 сарнишинаш ҳангоми машқҳо дар наздикии ҷазираи Бали аз назарҳо нопадид шудааст. Дар айни замон Индонезия аз Австралия ва  Сингапур дар таҳқиқи обҳои баҳри Ҷова кумак хостааст.

Артиши Индонезия гуфтааст, ки ин киштии зериобӣ рӯзи чоршанбе, 21-уми апрел дар ҳоли манёвр дар шимоли ҷазираи Балӣ буд, ки иртибот бо маркази фармондеҳӣ қатъ ва сигналҳои дарёфтӣ аз он маҳв гардид. 

Субҳи имрӯз, панҷшанбе як намояндаи артиши Индонези бо номи Юдо Маргоно ба нашрияи Kompas  хабар дод, ки оксиген барои киштии зериобии Nanggala то рӯзи 24-уми апрел кофист, баъди он сарнишинони киштӣ ба мушкили ҳаётӣ дучор мешаванд.  

Коршиносони низомӣ ба ин назаранд, ки эҳтимолан ин киштӣ дар масофаи то 90 км аз соҳили шимолии ҷазираи Балӣ зери об аст. То ба ин лаҳзаҳои ҷустуҷӯи ин киштии зериобӣ бенатиҷа анҷом шудааст.

Сухангӯи неруҳои дарёии Индонезия дар суҳбат бо ВВС гуфтааст, ки ин аввалин бор аст, ки як киштии зериобӣ нопадид мешавад. Аммо ҳаводиси ба ин монанд барои зериобиҳо камсобиқа набудааст ва дар гузашта ҳам зиёд рух додааст. Ҳамин чор сол пеш (соли 2017) як киштии зериобии артиши Аргентина  дар ҷануби уқёнуси Атлас бо 44 сарнишин нопадид шуд. Боқимондаҳои онро ҳудуди як сол баъд аз об гирифтанд. Мақомоти неруҳои дарёии Аргентина он замон иқрор шуда буданд, ки киштӣ дар зери  об дучори сонеҳа шуда будааст.

барчасп: