Зердарёии Индонезияро тақсимшуда ба се ҳисса ёфтанд. Ҳамаи 53 сарнишини он ҳалок шуда буданд

Киштии зердарёии Индонезия KRI Nanggala-402-ро, ки дар ҷазираҳои Бали нопадид шуда буд, дар қаъри баҳр пайдо карданд. Киштӣ се ҳисса шудаву 53 сарнишини он ба ҳалокат расида буданд. Бино ба гузориши расмии флоти баҳрии Индонезия субҳи рӯзи якшанбе аз ин зердарёӣ як сигнали хеле заъиф расид, ки аз умқи 800 метр меомад. 

Ба қаъри об батискаф (василаи зердарёпаймо) фиристода шуд, ки аз марги киштӣ иттило дод. Ин зердаёиро муддати чанд рӯзи охир 6 киштии ҳарбӣ ва як чархбол меҷустанд. Киштиҳои ҳарбии Сингапур ва Малайзия низ ба ин ҷустуҷӯ пайваста буданд ва Австралия, Олмон, Ҳинд ва Фаронса эълон карданд, ки омодаи ҳар гуна кумак дар амалиётҳои наҷот ва ҷустуҷӯ мебошанд. 

Ин зердарёӣ дар ҷараёни тамринҳои ҳарбӣ баъди он ки иҷозат гирифт бештар ба қаър фурӯ равад, ногаҳон нопадид шуд. Иртибот куллан бо он канда шуд ва то субҳи рӯзи якшанбе ягон сигнале аз он нарасид.

То кунун сабаби ин садамаи мудҳиш маълум нест, тӯли ин чанд рӯз танҳо коре, ки анҷом шуд, ҷустуҷӯҳои беҳосил буд. Билохира субҳи дирӯз баъди дарёфти як сигнали заъиф макони зери об рафтани он маълум шуд. 

Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳои Индонезия иттило дод, ки мутаассифона ягон нафар аз сарнишини ин зердарёӣ зинда намонд. “Бо ғаму андуҳ хабар медиҳам, ки ҳамаи 53 тан аз маллоҳони киштӣ дар ин садамаи маргбор ҳалок шуданд”,- хабар дод ӯ ба журналистон.Президенти Индонезия Ҷоко Видодо ҳалокшудагонро “ватандӯстони асил” номид ва гуфт, ки “кулли Индонезия таъзияи миқи худро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон мерасонад ва ҳамроҳ бо онҳо ба мотам менишинад”.

барчасп: