Наҷотдиҳандагон дар Русия сайёҳони ин кишварро ҳушдор додаанд, ки ба оташфишони Безимяний, воқеъ дар Каммчатка наздик нашаванд, чун эҳтимоли хуруҷу авҷи он вақтҳои охир афзудааст. Дар ин бора ахиран хадамоти матбуотии ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия истинодан ба маълумоти донишмандону пажӯҳишгарон иттилоъ дод.
"Бино ба хулосаи бахши Шӯрои пешбинии заминларзаҳои кишвар дар Камчатка эҳтимоли хуруҷ ва хатари оташфишони Безимяний хеле афзудааст. Ин маълумот нишон медиҳад, ки наздик шудан ба он метавонад хатар дошта бошад”, - омадааст дар хабар.
Зикр мешавад, ки хуруҷи оташфишон пеш аз ҳама ба гардишгарон ва дӯстдорони варзиши ғайриодӣ, аз ҷумла касоне, ки завқ доранд оташфишонҳоро ҳангоми авҷашон тамошо кунанд ва онҳое, ки барои ин ҳавопаймоҳои хурдро ба иҷора мегиранд, метавонад хеле хатарзо бошад.
Ин ниҳоди давлатӣ гуфтааст, ки дар маҳалли ёдшуда ҳоло сайёҳон дида намешаванд. Аммо эҳтимоли мустақилона ва бе хабардор кардани ниҳодҳои давлатӣ ба оташфишон наздик шудани одамон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, имдодгарон аз сокинони наздик ба он хостаанд рӯзҳову ҳафтаҳои оянда то сипарӣ шудани хафви эҳтимолӣ ба минтақа наздик нашаванд.
Ин оташфишон, ки мақомот Безимяний номидаанд, дар қисмати марказии оташфишонҳои гурӯҳи калидӣ дар 40 километрии ноҳияи Уст-Камчатка ва 350 км дуртар аз Петропавловский Камчатка ҷойгир шудааст. Баландии он то 3 километр мебошад.