Дар вилояти Харкови Украина як ҳавопаймои ҳарбии Ан-26 ҳангоми вуруд ба нишастгоҳ дучори садама шуд ва 25 курсанти Донишкадаи Қувваҳои ҳавоии ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмуъ дар ин ҳавопаймо 28 нафар сафар доштанд. Аммо шумори дақиқи ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон маълум нест.
"Дар ин ҳавопаймо курсантон ва халабонҳои ҳарбии донишкадаи нерӯҳои мусаллаҳи ба номи Кожедуб парвоз мекарданд. Тибқи маълумоти пешакӣ онҳо 28 нафар буданд. Дар оғоз аз марги 22 нафар хабар дода мешуд. Ду нафари зиндамонда ҳоли вазнин доранд. Имдодгарон дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд ва аз зери шикастапораҳои ҷасадҳо ва маҷруҳонро берун меоранд”, хабар дод дар саҳифаи худ дар Фейсбук ҷонишини ВКД Украина Антон Герашенко. .
Аммо баъдар дафтари иттилоотии прокуратураи Украина аз марги 25 нафар хабар дод. Ин манбаъ навишт, ки 25 нафар ҳалок шуданд ва ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои хеле вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд”.
Манбаъҳои наздик ба вазорати мудофиаи Украина гуфтаанд, ки ин ҳавопаймо дар ҷараёни як парвози омӯзишӣ дучори садама шудааст.
Гебернатори вилояти Харков Алексей Кучер гуфтааст, ки халабон пеш аз суқути ҳавопаймо дар мавриди аз кор мондани муҳаррики чапи тайёра хабар ирсол карда буд. “Тибқи иттилои расида дар масофаи хеле наздик бачаҳо худро аз ҳавопаймо ба зер афкандаанд”.
Президенти Украина Владимир Зеленский дирӯз изҳор дошт, ки рӯзи шанбе ба Харков хоҳад рафт. “Комиссияи фаврии ҳукумати созмон медиҳем, то сабабҳои фоҷеа ҷиддан таҳлилу барасӣ шавад. Ман ҳоло супориш ба сарвазир додаам. Дар ҷойи ҳодиса ҳоло дастаи наҷоту ҷустуҷӯ кор мекунад. Пагоҳ ба вилояти Харков сафар мекунам”,- навишт Зеленский ба шабакаи телевизионии худ.