Ситораи Боливуд Амитбах Баччан, писар ва келини вай ба коронавирус мубтало шуданд

Яке аз машҳуртарин ҳунармандони синамои Ҳинд Амитбах Баччан хабари сироят шуданаш ба коронавирус КОВИД-19-ро тасдиқ кард. Ахиран дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “тести ман дар мавриди коронавирус мусбат буд. Аз ҳамаи касоне, ки тӯли 10 рӯзи охир бо ман иртибот доштанд, хоҳиш мекунам худро ташхис кунанд”.

Ин ҳунарманди 77-сола 15 мартиба барандаи ҷоизаи Filmfare Awards-и Ҳинд, ки назири Оскари амрикоист, шуда ва соли 2015 ба рӯйхати яке аз  баландмуздтарин ҳунармандон дар ин кишвар дохил шуд. Соли 2015 маҷаллаи Forbes ӯро бо 33,5 миллион доллар сармоя ҳафтумин ҳунарманди сердаромад эълон карда буд.   

Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки писари ҳунарманд Абхишек Баччан ва келини ӯ Айшвария Рой низ ба ин беморӣ мубтало шудаанд.   

Ҳамсари Абхишек Баччан  Айшвария Рой ва духтарчаи 8-солаи онҳо Аараҳия низ ба ин беморӣ сироят шудаанд. Айшвария Рой соли 1994 барандаи унвони “Зебосанами дунё” (як мусобиқаи байналмилалии олам аст, ки ҳар сол тавассути созмоне ба ҳамин ном баргузор мешавад) ноил шуда буд.

Бино ба навиштаи Абхишек Баччан дар Twitter ӯ, ҳамсараш Айшвария ва духтараш Аарадҳия  ҳоло дар хона карантин шудаву муолиҷа мешаванд. 

Мақомоти тандурустии Ҳинд бо тайиди ин хабар гуфтаанд, ки ҳоло кулли хешовандон, пайвандон ва наздикону ҳамкорони ҳунармандони машҳур мавриди ташхис қарор хоҳанд гирифт. 

барчасп: