Дар халиҷи Мордвинова воқеъ дар ҷануби Сахалин, дар наздики гулугоҳи Свободний яхи бузурге аз соҳил ҷудо шуд, ки дар натиҷаи он наздик ба 300 моҳигир аз соҳил дур шуданд. Дар ин бора раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод. Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба кумаки моҳигирон гурӯҳи фаврии наҷоти вазорат равона шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ ҳоло қарор аст барои наҷоти ҷони ин одамон аз хатар ба минтақа ҳамчунин чархболи Ми-8 эъзом шавад.
Ахиран бунгоҳи хабарии astv.ru истинодан ба хабарнигори худ иттилоъ дод, ки ҳеч нафаре аз дармондагон наметавонанд мустақилона ба соҳил баргарданд. Барои ҳаракати онҳо яхпораҳои аз ҳам ҷудо монеъ мешаванд. Моҳигирон ҳоло аз ях ба яхи дигар мепаранд, то худро ҳарчи зудтар ба соҳил расонанд. Вале ин ба ҷонашон ҳар лаҳза хатар меорад.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки аввалин чор нафаре, ки наҷот дода шуданд, ба соҳил расиданд. Амалиёти наҷоти ҷони моҳигирон боқимонда идома дорад.