Бино ба иттилои сухангӯи волии Ғазнӣ як ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Орёнои Афғонистон дар наздикиҳои ин шаҳр сарозер шудааст. Ин ҳавопаймо аз Ҳирот ба ҳаво хест ва рӯ ба Кобул оварда буд.
Сухангӯи волии Ғазнӣ гуфтааст, ки ҳавопаймо дар вулусволии Даҳяки Ғазнӣ сарозер шудааст.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ то кунун шумораи кушташудагон дар ин сонеҳаи маргбор маълум нест. Аммо манбаъҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки дар ҳавопаймо 83 нафар сафар карда буданд.
То кунун хабари муфассалтар дар ин замина пахш нашудааст.