Ҳаводиси олам

Фаввораи оташфишони Зелландияи Нав сабаби ҳалокати 5 нафар шуд (Видео)

Бино ба хабарҳои охир бар асари авҷи оташфишони Зелландияи Нав то кунун 5 нафар кушта шудаанд ва теъдиди зиёде аз сайёҳон нопадид шудаву аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Баъзе гардишгарон лаҳзае пештар аз авҷи фаввораи оташфишон дида шудаанд, ки ба самти даҳонаи оташфишон дар ҳоли ҳаракат буданд.

ВВС ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, пулиси Зелландияи

Бар асари садама дар Тунис 26 нафар ҷаҳонгардон ҷон бохтанд

Теъдоди ҳалокшудагон дар садамаи нақлиётӣ дар Тунис ба 26 нафар расид. Пештар аз ҳалокати 22 нафар расман хабар дода мешуд. Мақомот гуфтаанд, ки ин садама рӯзи якшанбе дар қисмати шимолу шарқии мамлакат, дар қаламрави вилояти Боҷа, каме дуртар аз шаҳри Айн-Драҳам рух додааст. Ин автобус сайёҳонро аз пойтахти Тунис ба сайругашти буруни шаҳр мебурд. Дар хабар омадааст, ки автобус ҳангоми ҳаракат...

Зилзила дар Албания 2 кушта ва бештар аз 200 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт

Бар асари такони шадиди замин дар Албания садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. То ин лаҳзаҳо аз ҳалокати 2 нафар хабар дода шудааст. Қувваи ин заминларза дар маркази он каме дуртар аз пойтахти кишвар 6,4 балл гузориш шудааст. Хадамоти геологии ИМА хабар додааст, ки ин заминларза наздикии бомдоди имрӯз, соати 03:54 дақиқа рух дода буд.
Ҳудуди 700 километр аз пойтахти Албания, ҳатто дар Италия

Афзоиши бесобиқаи хирсҳо дар Руминия сабаби ҳалокати одамон шудааст

Дар Руминия ҳодисаҳои ҳамлаи хирсҳо ба одамон афзудааст. Деҳқонони ин кишвар мегӯянд, ки солҳои охир хирсҳо басо зиёд ва бошиддат афзоиш кардаанд. Онҳо заминҳои киштро хароб мекунанд, ба одамон ва ҳайвонот ҳамла мекунанд. Сокинони баъзе рустоҳо метарсанд, ки аз хонаҳои худ берун раванд.   Як соли охир бар асари ҳамлаи хирсҳо дар Руминия 6 нафар кушта шудаанд ва се тани онҳо танҳо зарфи як моҳ ба ҳалокат расидаанд.

Марги асроромези ҳазорон паранда дар соҳили яке аз кӯлҳои оби шӯри Роҷистони Ҳинд

Идораи ҷангалбонии Ҳинд аз марги ҳазорон паранда дар атрофи бузургтарин кӯли ин кишвар воқеъ дар Роҷистон (бузургтарин иёлоти Ҳиндустон, ки ба унвони сарзамини подшоҳон шинохта шудааст) хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки марги асроромези парандагон мақомоти ин кишварро нигарон кардаанд ва ҳоло омӯзиши ҳолати мавҷуд ва иллатҳои ин маргумир шуруъ шудааст.

Страницы