Пайдо шудани садҳо парандаи мурда дар роҳи Уелс

Садҳо парандаи мурдаро дар роҳи Уелси Шимолӣ пайдо карданд. Олимон ҳоло тасмим гирифтаанд сабаби ин маргро муайян кунанд. То ин замон ҳеч ниҳоде ҳозир нашудааст фарзияи омилҳои марги парандагонро эълон кунад.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо садҳо лошаи парандагон дар роҳ ба самти ҷазираи Англси пайдо шудааст. Шоҳидон мегӯянд дидаанд, ки ин парандаҳо аз ҳаво мурда ба замин мезаданд. Чанд адад аз ин парандаҳоро барои озмоиш ва ташхис бурданд. 

Давид Эдвардс, сокини 41-солаи ҷазира дӯсташ Ҳанна Стивенс ин парандагонро рӯзи сешанде зинда дида буд. “Вай гуфт, ки садҳо парандаро дар осмон дар ҳоли парвоз ва гардиш дид ва аз ин манзара ба ваҷд ом ад. Вале вақте вай бегоҳӣ ба хона бармегашҳт, дар ҳамон мавзеъ рӯйи роҳ онҳоро мурда дид”.

Хонум Стивенс нақл кардааст, ки ин парандагон шояд бештар аз 300 адад буданд. “Ман худам 150 адади онҳоро ҳисоб карда будам, вале баъдан дигар ҳисоб накардам, чун дидам, ки онҳо хеле зиёд буданд”.

Боз дар ин мавзуъ:
Марги асроромези ҳазорон паранда дар соҳили яке аз кӯлҳои оби шӯри Роҷистони Ҳинд

 

барчасп: