Бино ба хабарҳои охир бар асари авҷи оташфишони Зелландияи Нав то кунун 5 нафар кушта шудаанд ва теъдиди зиёде аз сайёҳон нопадид шудаву аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Баъзе гардишгарон лаҳзае пештар аз авҷи фаввораи оташфишон дида шудаанд, ки ба самти даҳонаи оташфишон дар ҳоли ҳаракат буданд.
ВВС ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, пулиси Зелландияи Нав эълон кард, ки 23 нафарро дар ин фоҷеа наҷот додааст, аммо гуфтааст, ки вазъияти минтақа ба ҳадде хатарнок аст, ки ба роҳандозии корҳои наҷот низ монеъ мешавад. Артиши Зелландияи Нав низ барои кумак ба пулиси имдод ба ин минтақа эъзом шудааст.
Гуфтанист, ки ҷазираи Войт дар қисмати соҳили шимолии Зелландияи Нав воқеъ буда, яке аз фаъолтарин оташфишонҳо минтақа дар он ҷойгир мебошад. Ин ҷазира моликияти хусусӣ аст ва аз он гардишгарон зиёд дидан мекунанд.
Яке аз сайёҳон бо исми Майкл Шаде ба ВВС гуфтааст, ки ҳангоми авҷи фаввораи оташ вай савори заврақ аз ҷазира мехост хориҷ шавад. Вай бо истифода аз фурсат як пора аз хокистари сӯзон ва дудро ба навор гирифтааст. Вай гуфтааст, ки дар танӯраи вулқон ҳамагӣ 30 дақиқа пештар аз берун партов шудани фаввораи оташ сайр мекард. “Ҳеч хатари хосе набуд, вале бо вуҷуди ин одамон камтар ба он самт равуо доштанд, то вулқонро тамошо кунанд”.
Баъзе аз хабаргузориҳо навори маҳвораиро аз фавҷи оташи вулқон дар гузоришоти худ истифода кардаанд.