Сӯхтор дар Австралия наздик ба ним миллиард ҷонварро ҳалок кардааст

То ба беш аз 40 дараҷа афзоиш ёфтани давмои ҳаво дар иёлотҳои мухталифи Австралия оташсӯзӣ, ки ду моҳ пеш дар ин кишвра оғоз шуда буд аз назорат комилан хориҷ шудааст.  Мақомоти расмии ин кишвар мегӯянд аз замони оғози оташсӯзӣ то кунун дастикам 24 нафар кушта шуданд ва ҳазорон хона ба ҳамроҳи миллионҳо ҳайвон аз миён рафтааст.

Бино ба гузорише, ки ахиран бахшии форсии ВВС интишор дод, тайи ин ду рӯзи гузашта дар бахшҳое дар Австралия борон борида ва дамои ҳаво камтар шуда, аммо мақомҳои ин кишвар ҳушдор медиҳанд, ки шуълаҳои оташ ба зудӣ забона хоҳанд зад.

Скотт Моррисон-нахуствазири Австралия 1 миллиарду 400 миллион доллар барои  бозсозии манотиқи оташгирифтаву осебдида дар ду соли оянда ҷудо кардааст.

Аксҳо аз ВВС

барчасп: